sebiston july new
Қошатро татуаж кунӣ ба ғазаби Худо гирифтор мешавӣ?
695

Қошатро татуаж кунӣ ба ғазаби Худо гирифтор мешавӣ?

Соҳои охир занону духтарони тоҷик ба хотири зеботар шудан аз усулҳои нави замонавӣ истифода бурда, линза мемонанд, миҷгони сунъӣ мечаспонанд, абрувонашонро татуаж мекунанд. Азбаски ҷавон ҳастам, ман ҳам мехоҳам абрувонамро татуаж кунам. Модарам розист, вале бибиам шӯрандозӣ карда мегӯяд, ки пеши роҳи ин духтари беақлатро бигир, ки гунаҳкор мешавад. Ба гуфти бибиам, одам агар аз ҳусни додаи худованд ношукрӣ карда, чеҳраашро дигар, яъне татуаж ё ботекс кунад, гунаҳкор ва ба ғазаби Худо гирифтор мешудааст. Мехоҳам донам, ки ин гапҳо ягон асос доранд ё не?

Миҷгона, ш. Душанбе

 Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ

Сурату сирати ҳамаи мову шуморо наққоши азал, яъне Аллоҳ Таоллоҳ офаридааст. Азбаски одамизод офаридаи худованди бузург ва қодиру тавоно аст, набояд аз ҳусну ҷамоле, ки Парвардигори олам ба ӯ ато кардааст, ношукрӣ карда, чеҳраи худро дигаргун созад. Бидуни зарурат, яъне агар ягон нуқсони ба саломатӣ зараровар набошад, инсон набояд бо роҳи ҷарроҳии пластикӣ ё усулҳои дигар чеҳраи худро, чашму абрӯи худро, лабу даҳони худро тағйир диҳад. Дар дини мубини ислом натанҳо татуажу ботекс, балки ҳатто чидани қош барои занони мусалмон гуноҳ ва мамнуъ аст, чунки пайғамбарам (с) чунин касонро лаънат кардаанд. Хоҳари азиз, шумо ҷавон будаед. Ҷавонӣ худаш зебоӣ аст. Ба ҷойи ба чунин амалиётҳои нораво пул сарф кардан, ягон ҳунарро омӯзед, беҳтар аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД