sebiston july new
Овоза ва ҳақиқати садамаи Зайнура Пӯлодова бо шавҳари 20- солааш
7642


Мегӯянд, ки сарояндаи машҳури кишвар дар шоҳроҳи Хуҷанд-душанбе ба садама дучор шудааст

-Алло, ин ҷо Сомонаи “Оила” аст?
-Бале хоҳарҷон, чӣ шуморо ин қадар ба ташвиш овардааст, ки ҳатто салом доданро фаромӯш кардед?

-Мебахшед акаҷон. Як овозаро шунида, хотирам сахт парешон гашт, аз ҳамин сабаб чӣ гуфтану чӣ кор карданамро намедонам.

-Тинҷӣ аст? Боз ягон касро куштанд ё касе худро ба дор овехт?

-Не, гап дар бораи куштор намеравад. Ин овоза ба яке аз сарояндагони машҳури кишварамон дахл дорад…

-Кӣ будааст он сароянда ва мардум дар борааш чиҳо мегӯянд?

-Мегӯянд, ки Зайнура Пӯлодова ба садама гирифтор шудааст ва дар кадом як беморхона бе ҳушу беёд хоб аст. Ман мухлиси ашаддии Зайнура ҳастаму ин хабарро шунида, сахт ба ташвиш афтидам, аз ҳамин сабаб, ба шумо занг зада истодаам, то ки ҳақиқатро фаҳмам. 

-Хоҳарҷон, ростӣ, мо дар ин бора маълумот надорем, вале ман кӯшиш мекунам, ки бо наздикони Зайнурабону ҳамсуҳбат гашта, рост ё дурӯғ будани ин овозаро фаҳмам. Шумо аз сайти ОИЛА (оила.тч) дур нарафта, интизор шавед, мо каме пас дар ин бора маълумот медиҳем.

-Раҳмат акаҷон!

-Духтарак инро гуфта, гӯширо монд. Саргарми суҳбат шуда, ман ҳатто пурсидани номи ин мухлиси Зайнура Пӯлодоваро фаромӯш кардам, зеро ин хабари нохуш маро ҳам ба изтироб андохта буд.


Барои муайян намудани ҳақиқат доштан ё надоштани ин овоза мо сараввал ба худи Зайнура занг задем, вале телефони дастии ин бонуи ҳунар хомӯш буд. Хавотир шуда, ба бародари Зайнура, сипас боз ба чанд нафар хешу табори наздикаш телефон кардем, то фаҳмем, ки ин санъаткори ҷавон дар куҷо ва дар кадом ҳолат аст. Ниҳоят пас аз ним рӯзи пурсуҷӯю кофтукобҳо ба мо муяссар гашт, ки Зайнура Пӯлодоваро пайдо намоем.

-Салом! Зайнурабону ин шумоед?

-Бале, ман Зайнура Пӯлодова, вале шуморо нашинохтам.

-Ман Рустам Азимӣ, хабарнигори сомонаи ОИЛА

Салом Рустамҷон! Ман ҳар гоҳ ба интернет ворид гардам, ҳатман ба сомонаи ОИЛА даромада, видео, ва суҳбатҳои ҷолибатонро мехонам. Беҳтарин сомона, беҳтарин маводҳо дар он чоп мешаванд. Ташаккур. Магар ягон гап шудааст, ки маро аз тамоми хешу ақрабоям суроғ кардед?

Зайнурабону, шумо ҳатто тасаввур карда наметавонед, ки ман аз шунидани садоятон чӣ қадар хурсанд шудам.

-Дар бораи ман ягон овозаи нохуш шунидед-чӣ?

Ҳамин саҳар як мухлиси ашадиатон аз шаҳри Хуҷанд занг зад, дар он ҷо овоза паҳн шудааст, ки Зайнура Пӯлодова ба садама гирифтор шуда, дар кадом як беморхона бе ҳушу беёд хоб аст.   

Эй аз даҳонашон шамол барад! Шукри Худо, ман сиҳату саломат ва аз паси ташвишҳои зиндагиам ҳастам.

-Ташвишҳои зиндагӣ гуфтеду як чиз ба ёдам расид. Пештар овоза паҳн гашта буд, ки як ҷавони 20-сола ба Зайнура Пӯлодова сахт ошиқ шудааст. Мабодо дар тараддуди тӯйи арӯсӣ набошед?


Барои ҳамин гапи ҳақ хоҳаршӯяш даҳону бинии Марҷонаро зада хуншор кард, агар мо намебудем, ин келини бечора аз дасти кайсингилаш кушта мешуд...”

 


-Ман суруде дорам, ки як мисрааш “Ошиқ шудам ба бачаи 20 –сола” аст. Ба фикрам мухлисон ҳамин сурудро шунида, гумон кардаанд, ки ман ба кадом як бачаи ҷавон ошиқ шудаам.

-Ин овозаҳо шуморо ба ғазаб намеоранд?

-Бигзор гуфтан гиранд, баногоҳ фариштаҳои даргузар омин гӯянд, рӯзе домоди 20-сола ҳам пайдо мешудагист! (Механдад)

-Зайнурабону, биёед аз овозаҳо ба ҳаёти воқеӣ гузарем. Ман дар кадом як сомонаи интернетӣ акси шуморо бо як варзишгари ҷавону зебои рустамбозу дидам. Агар махфӣ набошад, бигӯед, ки он ҷавон кист ва шумо бо ӯ чӣ муносибат доред?

-Рустамҷон, маро натарсонед! Илтимос, агар ҳамон аксро дошта бошед, илтимос, ба ман фиристед, то бубинам, ки он варзишгар кист ва чаро бе розигии ман акси ҳамроҳ гирифтаамонро дар интернет паҳн кардааст. Одатан дар ҷашну маҳфилҳо мухлисонам аз ман хоҳиш мекунанд, ки ҳамроҳашон акс бигирам. Ба хотири наранҷонидани хотири мухлисонам розигӣ медиҳам. Шахси аксро дар интернет ҷойкарда шояд аз зумраи ҳамон мухлисон бошад…                      

Боз ман хурсанд шудам, ки Зайнура дар симои ин ҷавони варзишгар бахташро ёфтааст?

-Ман бахтамро қариб ёфтам, вале дар симои варзишгар не…

-Канӣ зудтар бигӯед, кист он ҷавонмарди хушбахте, ки дили чунин зебосанамро ба даст овардааст ва кай оши тӯйро мехӯрем?

Шумо журналистон чунон бало, ки бо ширинзабонӣ одамро ба гап дароварда, дар як дам тамоми сирру асрорашро мекушоед-а?! (механдад) Ба умед нашавед, дигар сирҳоямро кушоям ҳам, ман то рӯзи тӯй ин сирро намекушоям. Бигзор сюрприз шавад!

-Мабодо баъди тӯй домодтӯра “занак, минбаъд поятро аз дарвоза ба берун намегузорӣ” гӯяд, чӣ кор мекунед?

-Сари фарзандонамро падарвор сила кунад ва тамоми шароитҳои зиндагиро бароям фароҳам орад, аз хати кашидааш намебароям. Тарки саҳна кун гӯяд, дигар ба саҳна намебарояму поятро аз дарвоза берун нагузор гӯяд, намегузорам…

-Аксари сарояндаҳо аллакай 2-3-тогӣ хонаю мошин хариданд, шумо бошед, то ҳол иҷора мешинед. Наход дар чанд соли сарояндагиатон то ҳол пули як хонаро ҷамъ накарда бошед?  
 

Бо пули тӯй хона хариданро ҳатто фикр накардаам, чунки ин кори номумкин аст.

-Дигарон мехаранд-ку?

-Дигарон “заказ” гирифта, худашон маҳфилҳоро мегузаронанд, ман бошам, танҳо ба табрики дӯстони наздикам рафта, ду-се суруди табрикотӣ мехонаму халос.

Дар маҳфилҳо шумо шароб менӯшед?

-Астағфуриллоҳ гӯед, Рустамҷон! Ман то имрӯз шаробро ба даҳонам набурдаам.

-Ҳеҷ гумон надоштам, ки чунин духтари мағрур то ҳамин дараҷа дидадаро бошад….

Барои зан дар зиндагӣ бахт аз ҳама чиз ширинтар аст. Ба хотири бахт ман тайёрам, ки ҳама чизро қурбон сохта, тарки саҳна намоям.

-Мо дуо мекунем, ки домодтӯра ҳеҷ гоҳ Зайнурабонуро ба тарки саҳна намудан маҷбур насозад, чунки Худованд ба шумо лутф карда, садои дилнишине ҳадя намудааст, ки марҳами доғи ошиқон аст.  

—Аз илтифотатон сипосгузорам. 

 

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД