arzon replenishment
Кома ва марги фоҷиавии Зайдулло дар Елисейский
14.08.2019
Shahlo
3502

Дирӯз боз як муҳоҷири тоҷик дар кишвари рус ҷон ба ҷонофарин супурд.

Марҳум Абдуназаров Зубайдулло Рачабович, сокини ноҳияи Файзобод буда, як ҳафта қабл дар ноҳияи Елисейскийи Федератсияи Русия ба садамаи нақлиётӣ гирифтор гаштааст. Муддати шаш рӯз Зубайдулло дар бахши эҳёгарии беморхона дар ҳолати кома қарор дошт, вале талошҳои табибон барои аз панҷаи марг раҳо намудани ин ҷавони тоҷик ягон натиҷа надоданд. Пас аз як ҳафтаи ин садамаи хунин, дирӯз 13-уми август Зубайдуллои ормонӣ дигар ба худ наомада, дар бемористон ҷони ҷавонашро ба ҷонофарин супурд.
Зубайдулло Абдуназаров мисли ҳарозон-ҳазор ҷавонмардони тоҷик ба хотири дарёфти ризқу рӯзии аҳли хонаводаашон рӯ ба муҳоҷмирати меҳнатӣ оварда буд ва солҳо инҷониб дар Русия кору фаъолият дошт. Марги фоҷиавии ин ҷавони муҳоҷир дар садамаи нақлиётӣ ин оиларо аз як ноновар бенасиб гардонида, дар дили модари зор ва хоҳари дидагирёни Зубайдулло-Шаҳзода доғи абадӣ ниҳод.


«Боигариамро дуздида гурехтӣ, номард?! Тоҷикистон он қадар калон нест, ки туро пайдо накунам. Ба хубӣ баргард, вагарна бо воситаи милисаю прокурор туро ёфта меоранд!»




Фиғони ҷонсӯзу дилгудози модар ва ҳамсари ин ҷавони шаҳид синаи осонро медарад, аммо тақдирро тадбир нест...

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД