formula
Озмуни “Достони ишқи ман” ишқи авваламро ба ёдам овард
3567


Эълони озмуни “Достони ишқи ман”-ро дар саҳифаи фейсбукии сомонаи Оила. ТЧ дидаму ишқи аввалам ба ёдам расида, дилам дубора ба ёди он рӯзҳои ширин гум зад.

Ман зиёда аз бист сол пештар ба яке аз донишгоҳҳои маҳури шаҳри Душанбе, ба шуъбаи ғоибона дохил шудам. Дарсҳои мо зимистону тобистон оғоз мешуд. Сесияи дуюм оғоз шуду аз ноҳия ба шаҳр омадам. Рӯзе баъд аз дарс занги телефонӣ шуд. Гӯширо бардоштам, садои гӯшнавози ҷавоне баромад ва як ном гирифт, ки хонаи онҳо аст. Гуфтам не, хато кардед ва гӯширо гузоштам. Ҷавон дубора занг зада хоҳиш кард, ки гӯширо нагузорам. Ҳамин тавр мо бо ҳамдигар шинос шудам.

Ҷавон, ки Зафар ном доштааст, бисёр шахси меҳрубону хушсуҳбат менамуд. Хулоса, баъди як ҳафтаи суҳбати телефонӣ мо бо ҳамдигар аз наздик вохӯрдем. Мулоқоти мо дар боғи “Дӯстии халқҳо”-и имрӯза буд. Ҷавони зебои қоматбаланд бо як нигоҳ ба ман писанд афтид, махсусан абрувони сиёҳи пайваста ва дандонҳои мисли марворид зебояш диламро рабуд, вале худро бой надода, чунон вонамуд кардам, ки назарам ӯро намегирад. Ҷавон пас аз ин вохӯрӣ ба ман сахт часпида ҳар рӯз ба донишгоҳамон меомад, вале ба ӯ дил бохтанамро нишон намедодам.

Ҳамин тавр дарсҳои мо ба охир расиданд ва ман ба деҳа баргаштам. Акнун ба ёди он ҷавон дилам гум мезад, вале ишқам аз ман хеле дур буд. Билохира тоқатам тоқ шуд ва дар “Рӯзи ошиқон”ҳамроҳи як дугонаам ба шаҳри Душанбе омада, рост ба ҷойи кори ошиқам рафтам. Дар наздаш муштариҳои зиёд дошт ва чунон саргарми кори худ буд, ки ба мо ҳатто аҳамият ҳам надод. Рафтораш ба ман бисёр алам карда бошад ҳам, интизор шудам, то корашро ба анҷом расонад.


Хулоса, баъди басомон расонидани кору бораш ошиқам моро ба қаҳвахона таклиф кард ва аз растаи сари роҳ як дона откритки рамзии Рӯзи ошиқонро харидорӣ намуда ба ман тӯҳфа кард, ки дар он чунин сатрҳо навишта шуда буданд:
С тобой душа моя согрета
Любовью, нежностью, теплом,
С тобой не надо даже света
И солнца в небе голубом!

Ваҳ, ин туҳфа барои ман чи қадар азиз буд, чӣ қадар худамро хушбахт меҳисобидам, ноуфтанист! Ман то ҳол он туҳфаро дар сандуқам нигоҳ медорам, вале...
Тибқи ваъдаи Зафар мо бояд дар курси панҷумиам хонадор мешудем. Ба хотири ӯ шуда ман тамоми хостгорони ба дарамон омадаро навмед гусел мекардам, аммо ошиқам ба ваъдааш вафо накард.

Дар курси чорум мехондам, ки Зафар худ аз худ қаҳр карда, ба муноситаҳоямон нуқта гузошт. Гуноҳам чи буд ва чаро Зафар ин тавр кард, намедонам, вале ба хотири ҳамон як пора коғазе, ки нишонаи ишқи аввалинам аст, то ба имрӯз ман “ Рӯзи ошиқон”-ро дӯст медорам.
Агарчӣ ман аз ишқ бенасиб гаштам, ба тамоми ошиқон бахти сафед ва ишқи пок мехоҳам! “Рӯзи ошиқон” ба ошиқон муборак бошад!
                                         Бо эҳтиром: Бону

Р/С

Шумо ҳам метавонед қиссаи ишқи худро нақл карда, соҳиби туҳфаҳои хотиравӣ гардед. Шахсоне, ки мехоҳанд дар озмуни “Достони ишқи ман” иштирок намоянд, имкон доранд, ки саргузашти ошиқонаи худро навишта ба мо фиристанд ё онро нақл карда, сабти овозашонро равон кунанд.
Телефон барои тамос: +992-900-31-77-41

Giv 14 feb site

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД