sebiston july new
Падарам зани рус гирифту ман дар бало мондам
1731

 

Русия рафтан орзуи деринаам буд, аз ҳамин хотир, аз падарам, ки ҳар сол ба Маскав рафта меомад, хоҳиш кардам, ки маро бо худ бубарад. Аввал падарам хоҳишамро рад намуд, вале баъди дахолат кардани модарам розӣ шуда, барои ману худаш чиптаи ҳавопаймо харид. Ҳамин тавр, ба орзуям расида, Русияро дидам. Падарам чандин сол боз дар Маскав дар як корхонаи бонуфуз кор мекард ва соҳиби хона буд. Манзил, ки доштем, азоб намекашидем. Падарам маро ба як мактаби русӣ гузошт. Рӯзона дарс мехондам, бегоҳирӯзиҳо ба толори варзиш рафта, машқ мекардам. Ягона чизе, ки дар Русия табъи маро нохуш менамуд, аксар шабҳо ба хона наомадани падарам буд. Боре ҷуръат карда пурсидам, ки шабҳоро дар куҷо саҳар мекунад. Каме сукут намуда гуфт: “Ҷӯраҷон, ту акнун бачаи калон ҳастӣ, бояд маро фаҳмӣ. Барои мард бе зан зистан душвор аст. Ман дар ин ҷо як зани рус дорам, шабҳо ба наздаш меравам. Ту аллакай як додарчаю як хоҳарчаи урусӣ ҳам дорӣ!”

Бо шунидани ин гап хун ба сарам зад ва бо падарам ҷанҷол бардоштам, ки чаро ба модарам хиёнат мекунад. Модарам ягон занаки безеб ва беҳунару чалфас мебуд, шояд чандон қаҳри ман намеомад, вале ба рӯйи гул барин занаш зан гирифтани падарам ҷонамро ба лабам расонд ва дод зада гуфтам:

-Пагоҳ маро ба назди модарам фиристед. Дигар як лаҳза ҳам дар ин ҷо мондан намехоҳам. Шумо модарамро партофта бошед, ман намепартоям. Очаҷонамро худам соҳибӣ мекунам. Бо ҳамин зани маймуни урус ва сағераҳои сарзардатон дар ҳамин ҷо гаштан гиред...

Падарам бисёр кӯшиш карда бошад ҳам, маро ором карда натавонист ва шояд аз доду фиғони ман ба ғазаб омад, ки башаст ба бари рӯям як шаппотӣ зад. Бори аввал буд, ки ман аз падарам шатта мехӯрдам ва он ҳам ба хотири як зани бегона, аз ин сабаб бисёр сахт аламам омад. Рӯямро дошта, ба хонаи хоби худам гузаштам ва то субҳ миҷа таҳ накарда гиристам. Саҳар бо баҳонаи пули мактаб аз падарам пул гирифта, ба фурудгоҳ рафтам ва билет харида, ба Душанбе паридам. Баробари ба хона расидан тамоми найрангҳои падарамро ба модарам нақл кардам. Модари бечораам гириста бошад ҳам, дар ҳаққи падарам ягон гапи сахт нагуфт. Падарам бегоҳ ба хона занг зада гуфт, ки маро гум кардааст. Телефонро аз дасти модарам гирифта гуфтам:

-Беҳуда маро накобед, ман аллакай дар назди очаҷон ҳастам. Гуфтам-ку модарамро соҳибӣ мекунам. Падари хиёнаткор ба мо лозим нест!

Падарам гӯшакро монд ва бо ҳамин дигар ягон бор ба мо занг назад. Ростӣ, аз кори кардаам сахт пушаймон шудаам. Модарам шабу рӯз мегиряд, агар оқибати корро мефаҳмидам, ҳеҷ гоҳ чунин рафтор намекардам. Модарам аллакай гуноҳи падарамро бахшидаанд. Акнун намедонам, ки падарамро чӣ гуна ба хона баргардонам. Агар ба назди падарам равам, маро қабул мекарда бошад? Шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед?

Султон

 

 

 

    

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД