shoh palace
Падарандар духтархондашро таҷовуз карду...
4177

Падарандар аз оҷизии духтари 13 солааш истифода бурда, чанд маротиба ба ӯ дастдарозӣ кардааст. Марди дигаре аз шаҳри Бӯстон бо ин духтарак зиёда аз як моҳ зиндагӣ карда, дар натиҷа духтар ҳомила мешавад. Барои рӯпӯш кардани ҷинояти худ тифли батнашро исқоти ҳамл менамоянд.

Ин ҳодисаи нангин дар шаҳри Истаравшани ноҳияи Спитамени вилояти Суғд рух додааст. Тавре шуъбаи милитсияи ин минтақа хабар додааст, Ҳасан Аҳмадови 31-сола, падарандари духтари ноболиғ ва Азизҷон Уралови 34-сола аз ноҳияи Спитамен дар ин ҷинояти мудҳиш гумонбар дониста мешаванд.

Дар гузориши видеии вазоратиумури дохилӣ гуфта мешавад, ки Ҳасан Аҳмадов соли 2020 бо модари ноболиғи ҷабрдида, ки аз никоҳи аввал як духтар ва як писар доштааст, тариқи никоҳи мусулмони издивоҷ кардааст. Ин мард моҳи декабри соли 2020 дар манзили истиқоматияш, воқеъ дар деҳаи Лакати шаҳри Истаравшан бо истифода аз тобеияти ноболиғи дар тарбияаш қарор дошта, ки муқобилият нишон дода наметавонист ва оқибати амалу рафтори худро сарфаҳм намерафт, бо ӯ алоқаи ҷинсӣ намудааст.

Азизҷон Уралов, гумонбари дуюми ҷинояти мазкур буда, аз моҳи июл то августи соли 2021 дар шаҳри Бӯстон бо духтарак зиндагӣ карда, бо ӯ муносибатҳои шаҳвонӣ анҷом додааст. Дар натиҷа духтарак ҳомиладор шуда, исқоти ҳамл кардааст. Маълум нест, ки чаро духтарак тӯли як моҳ бо гумонбаршуда Уралов ҳамзистӣ кардааст.

Айни ҳол нисбати ин ду мард тибқи моддаи 138 қисми 3-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (таҷовуз ба номус) парвандаи ҷиноӣ боз шуда гумонбарон дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.
Бар асоси модаи мазкур гумонбаршудагонро маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 12 то 20 сол ё ҳабси якумра таҳдид мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД