Arzon april 2022
Ситораи Кароматулло духтарча таваллуд кард (ВИДЕО)
12455


Ситораи саҳнаи тоҷик, бонуи фариштарӯи ширинсадову ширинадо Ситораи Кароматулло рӯзи 24-уми сентябр модар шуд!

Ба гуфти продюсер ва дӯсти наздики ин маликаи ҳунар Раҷ Аҳмад, Ситора моҳҳои охири ҳомиладориашро бо душворӣ паси сар намуда, аз таваллуд кардан сахт метарсид. Аз ҳамин хотир як моҳ қабл ӯ ба хориҷи кишвар сафар намуда, таҳти назорати табибон қарор дошт. Рӯзи 24-уми сентябр ин ҳунарманди хушхиром ва булбуловози тоҷик дар яке давлатҳои пешрафтаи олам дар як клинникаи шахсӣ, ки шӯҳрати зиёде дорад ва аксари ситораҳои ҷаҳон маҳз ба ҳамин клинника муроҷиат менамоянд, духтарчаи нозанинееро бо вазни 3,500 ва қади 53 см ба дунё овард. Айни ҳол вазъи саломатии модару кӯдак хеле хуб аст.
Рӯзҳои наздик Ситора бо духтарчаи навзодаш ба Ватан бармегардад. Падару модар ва дигар пайвандонаш бозгашти эшонро бо беқарорӣ интизоранд. Тавлиди ин тифлак барои аҳли хонаводаи акои Кароматулло беҳтарин туҳфаи тақдир аст. Азбаски Ситора худ дар оила духтари ягона аст, падару модараш бисёр мехостанд, ки набераи нахустинашон духтар бошад-мегӯяд Раҷ Аҳмад.


Бо дидани ин манзара шавҳарам ба ғазаб омада, девонавор дод мезанад, ки ин корро накун, ки гунаҳкор мешавӣ. Ту ӯро таваллуд накардӣ, ин бача ба ту номаҳрам аст...


Ногуфта намонад, ки моҳи сентябр барои аҳли ин хонадон бисёр бобарор омад, чанде қабл падари Ситора, Кароматулло Раҳимовро директори мактаби мусиқии ба номи Миратулло Атоев таъин намуданд. Тавлиди набераи дӯстрӯяк ба хурсандии аҳли ин хонавода хурсандии дигар зам намуда, ид болои ид гашт.

alt


Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Амина 2019-09-26, 10:33
Тифлакии бо паю кадам шавад духтарча муборак бошад ситорабону
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Амина 2019-09-26, 10:33
Тифлакии бо паю кадам шавад духтарча муборак бошад ситорабону
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД