Arzon march 2024
Ситораи Кароматуллоро аз Амрико депорт карданд
5051
Овозхони шинохтаи тоҷик дар Амрико духтарчадор шуд. Баъд аз ду моҳи таваллуди кӯдакаш ба Тоҷикистон баргашт.

 

Хабари аз Амрико «депортатсия» шудани овозхони шинохтаи эстрадаи тоҷик Ситораи Кароматулло субҳи имрӯз барқсон дар саросари шаҳр паҳн гашт. Барои воқиф гаштан аз асли ҳодиса боин бонуи ҳунарманд дар тамос шудем.

-Салом Ситорабону! Ман Шабнам, аз сомонаи Оила шуморо ташвиш медиҳам.
-Шабнамҷон, магар ягон савол доштед?
-Бале, овозае ба гӯшамон расид, ки гӯё шуморо аз Амрико депорт кардаанду....
-Эҳ, ин мардуми тоҷик, чӣ гапҳое, ки намебофанд. (механдад). Албатта ин овозаҳо асос надоранд. Ман барои зисту зиндагии доимӣ не, балки мувақаттан барои тавлиди фарзандам ба Амрико сафар карда будам. Дар ин чанд моҳи дурӣ падару модар ва бародаронамро сахт пазмон шуда, бо хоҳиши худ ҳамроҳи духтарчаам ба Ватан баргаштам.
-Гуфтагӣ барин, духтарчаатонро чи ном мондед?
-Ба номи худам мувофиқ-Моҳ. Моҳи Ситора!(Механдад).
-Чиллаи Моҳи дӯстрӯяк баромад?
-Бале, санаи 29-ум думоҳа мешавад.
-Нигоҳубини тифли навзод бароятон душворӣ намекунад?
-Душвор аст албатта! Хайрият, ки модарҷонам ҳастанд ва дар тарбияи духтарчаам ба ман ёрӣмерасонанд.
-Дуо мекунем, ки Худованд ба Моҳи дӯстрӯяк умри дарози пурбаракат диҳад ва мисли модараш номбардори тоҷикон гардад!
-Ташаккури зиёд! Ман ҳам ба шумо ва сомонаи Оила комёбиҳои нав ба навро орзумандам.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД