Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар боби дастовардҳои мамлакат дар тӯли соли 2025 сухан ронда, ҳалли масъалаи марзи Тоҷикистон ва Қирғизистонро беҳтарин дастоварди сол номиданд.
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки тӯли 100 соли охир масъалаи марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон яке аз масъалаҳои печида ва баҳсбарангез боқӣ монда буд ва хушбахтона соли равон ниҳоят ин масъала бо роҳи мусбат ҳал гашта, хати марзи ду кишвар дақиқан муайян гашт, ки яке аз дастовардҳои бузургтарини сол мебошад.
Президенти мамлакат ҳамчунин дар боби некӯаҳволии мардум сухан ронда, аз ҷумла зикр намуданд, ки дар тӯли 10 соли охир даромади аҳолӣ 6 маротиба афзун гаштааст.