arzon replenishment
Панҷакент: Марги чор нафар дар вақти ангиштканӣ
2860

Чаҳор сокини Панҷакент дар пайи заҳролудшавӣ ҳангоми кандани ғайриқонунии ангишт ба ҳалокат расидаанд, - хабар додааст, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода.

Тавре манбаъ меггӯяд, ҳодиса дирӯз дар наздикии кони ангишти Исҳокон рух додааст ва ду нафар аз ҳалокшудгон бародарон мебошанд, ки дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ аз оксиди карбон заҳролуд гардидаанд.
Вақте онҳо шом ба хона барнагаштанд, пайвандон ба ҷустуҷӯяшон баромада, ҷасадашонро аз маҳалли ҳодиса ба берун баровардаанд.

Ба гуфтаи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода барои маълум кардани ҷузъиёти қазия гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ ташкил шуда, айни замон дар ҷойи ҳодиса кор мебаранд.
Кумита аз аҳолӣ даъват намудааст, ки мустақилона барои кандани ангишт дар конҳо кӯшиши накунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД