formula
Парлумон вакили навро тасдиқ кард
233

Бибиосия Аюбӣ Оймаҳмадзода ба ҷойи Дилрабо Мансурӣ, ки муовини сарвазири Тоҷикистон таъйин гардид, вакили Маҷлиси намояндагон шудааст. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар ин бора аллакай қарор қабул кардааст.

Дар қарор омадааст, ки бинобар пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакил Мансурӣ Дилрабо Сайдулло аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ, тибқи рӯйхати номзадҳои интихобгардида аз ҲХДТ мандати вакилӣ ба номзад Аюбӣ Бибиосия Оймаҳмадзода дода шавад.

Ваколатҳои Бибиосия Аюбӣ тасдиқ гашта, ба ӯ шаҳодатномаи вакили парлумон дода шудааст.
Аюбӣ қаблан дар вазифаҳои гуногун кор карда, муовини директори Агентии хизмати давлатӣ, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оила, муовини раиси ноҳияи Фирдавсӣ буд. Ахиран дар вазифаи директори Маркази омӯзишӣ ва дастгирии занони роҳбарикунанда ва болаёқати Академияи идоракунии давлатии назди Пезиденти Тоҷикистон фаъолият дошт.

Бибиосия Аюбӣ хатмкардаи факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Федератсияи Русия дар риштаи сиёсатшиносӣ мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД