formula
Павел Воля зани мусулмон гирифт
1637

 

Даричаи ошноӣ:
Номи саҳнавӣ: Павел Воля (Pavel Volya).
Номи аслӣ: Денис Доброволский.
Санаи таваллуд: 14-марти 1979 (39- сола).
Ҷои таваллуд: ш. Пенза.
Дарозии қад: 181 см.
Вазн: 58 кг.
Мучал: Ҳут.

Резиденти барномаи Comedy Club Павел «Снежок» Алексеевич Воля (номи асилаш Денис Доброволский) мактаби миёнаро дар шаҳри Пенза хатм намудааст. Аз ин даргоҳи маърифат вай якҷоя бо номаи камол медали нуқра ва таърифномаи устодонро барои таҳсили шоён ва ширкат дар чорабиниҳои фарҳангии мактаб гирифта буд ва то имрӯз аксаш дар тахтаи фахрии мактаб овезон аст.

Павел Воля баъди хатми мактаб ба ҳайси омӯзгори забон ва адабиёти рус фаъолият мекард. Дар баробари ба толибилмон дарс гуфтанаш Снежоки шӯхтабу ҳазлгӯ дар барномаи КВН ширкат варзида, капитани командаи «Валеон Дассон» буд. Бо ин ҳам қонеъ нагашта, Павел вақт ёфта дар «Радиои Рус» ба ҳайси диҷей фаъолият менамуд.

Соли 2001 Воля донишгоҳро хатм намуда, ба шаҳри Москва сафар кард. Дар пойтахт вай ба ҳайси баранда дар барномаи «Муз-ТВ» ва диҷей дар «Хит-FM» фаъолият менамуд. Расо соати 7:00 бо садои Воля садҳо нафар аз хоб мехестанд. Замони дар шоу-барномаи «Шом ба хайр»-и Игор Уголников ба ҳайси сенариянавис кор карданаш Павел Воля бо Артур Ҷанибекян, продюсери ҳозираи шоуи машҳури Comedy Club шинос мешавад.

 

COMEDY CLUB ва ПАВЕЛ ВОЛЯ

Аввалин барномаҳои Comedy Club аз соли 2003 сабт гардида, чандон ба тамошобин писанд наомада буданд, вале дастандаркорони он руҳафтода нашуда, барои бештар ба мардум писанд омадани барномаҳояшон командаи ҳаҷвнигоронро аз қабили Гарик Мартиросян, Александр Ревва, Сергей Светлаков, Семен Слепаков, ки ҳар кадом аз мактаби КВН гузашта, ба қавле дар ҷодаи ҳаҷву мазҳака устухон надоранд, ҷамъ карданд. Аввалин бохти барномаҳояшонро ба эътибор нагирифта, командаи ҳаҷвнигорон пайваста ба пеш мерафтанд ва билохира бурд карданд.

Резидентони Comedy Club ҳамарӯза бо ҳазлҳои намакину шакарини худ табъи тамошобинро болида мегардонанд. Ҳаҷвнигорони барнома ҳазлҳои манзумӣ ва таърихӣ, бепарда ва «ҳазли сиёҳ» доранд, миниатюраҳояшон бошад ба сиёсатмадору тоҷирон ва ҷавонон равона карда шудааст.

Павел Воля аз дигар иштирокчиёни Comedy Club бо он фарқ мекунад, ки бештар ҳазлҳояш ба ситораҳо ва меҳмонони дар барнома ҳузурдошта равона шудаанд. Павел Воля ҳеҷ гоҳ ба иззати нафси сиёсатмадорон намерасад, кишварашро танқид намекунад. Нуктагирии ӯ бештар ба сарояндагон, варзишгарон ва дигар ситораҳое дахл дорад, ки дар барномаи Comedy Club ширкат меварзанд.

Павел Воля дар синамо ва олами мусиқӣ

Павел Воля дар филмҳои мазҳакавие ширкат варзидааст, ки айни замон дар телевизиони Русия намоиш дода нашудаанд. Аксаран тақлидҳои ҳаҷвии Воля ба филмҳои ватании «Бригада», «Бумер», «Дозоры», «Жара», «9 рота», «Волкодав», «Моя прекрасная няня», «Служебный роман» карда шудаанд. Воля дар филмҳои «Самый лучший фильм» ва «Платон» нақшҳои асосиро бозидааст.

Чанд сол қабл Павел Воля ба навиштани шеър ва ба оҳанг даровардани матнҳояш машғул шуд. Эҷодкориҳои ӯро мухлисон хеле хуб қабул намуданд, сурудҳояш дар эфири чандин радиостансияҳо садо медиҳанд.

Қиссаи зангирии Павел Воля

Павел Воля бо яке аз барандагони шабакаи MTV Мария Кравсева ҳамзистӣ дошт, тамоми дӯстон интизори тӯй буданд, вале соли 2010 онҳо аз ҳам ҷудо шуданд. Дере нагузашта, Павел бо чемпиони шасткаратаи Аврупо оид ба гимнастикаи бадеӣ, устоди шоистаи варзиш Ляйсан Утяшева, ки зодаи Бошқирдистон аст, паймони ишқу муҳаббат баст, вале дилдодагон муносибатҳои худро аз ҳама пинҳон нигоҳ медоштанд. Он замон Ляйсан нав модарашро аз даст дода буд ва дар он лаҳзаҳои душвор маҳз Павел ӯро аз ҳолати яъсу руҳафтодагӣ берун бароварда, дастгирӣ намуд. Вақте баҳори соли 2013 хабари ҳомиладор шудани Ляйсан паҳн гашт, ҳарду иқрор шуданд, ки моҳи сентябри соли 2012 оиладор шуда буданд. Моҳи майи 2013 Павел ва Ляйсан соҳиби писар ва соли 2015 духтардор шуданд. Павел аз интихоби худ сад дар сад розист. Вай дар барномаҳояш нимшӯхию нимҷиддӣ таъкид мекунад, ки духтари шарқиро ба занӣ гирифта, дар зиндагӣ бурд кардааст. Айни замон онҳо дар Подмоскове хонаи зебою барҳаво доранду ҳаёти хушбахтона ба сар мебаранд.

Дар атрофи зиндагии Павел ва Ляйсан пайваста овозаву ҳангомаҳои зиёде паҳн мешаванд, вале ҳаҷвнигори шинохта онҳоро рад карда, мегӯяд, ки барои вай дар дунё ба ғайр аз завҷааш дигар ягон зани нозанине вуҷуд надорад, ки дилашро бурда тавонад…

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
саид 2019-06-14, 19:55
татар шуд бад мусулмон мешудаст.бисёран татарой номусулмон
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
саид 2019-06-14, 19:55
татар шуд бад мусулмон мешудаст.бисёран татарой номусулмон
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД