Дастаи мунтахаби духтарони то 17-солаи Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бар тими Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бо ҳисоби бузурги 5:0 пирӯз шуд.
Вохӯрии дастаҳо рӯзи 11-уми октябр дар шаҳри Турсунзода баргузор гардид. Дар ин бозӣ Омина Ҳусайнова бо задани чор гол қаҳрамони дидор гардид ва «покер» анҷом дод. Як голи дигарро Маҳиноз Нурова ба самар расонид.
Бо вуҷуди ин пирӯзии назаррас, мунтахаби Тоҷикистон натавонист роҳхати Ҷоми Осиё-2027-ро ба даст орад. Дар гурӯҳи «А» тими Куриёи Ҷанубӣ бо касби 9 имтиёз ва пирӯзӣ дар ҳамаи бозиҳо мақоми аввалро соҳиб шуда, ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа роҳ ёфт.
Мунтахаби Тоҷикистон дар се бозӣ як ғалаба, як мусовӣ ва як бохт ба даст оварда, бо 4 имтиёз дар зинаи дуюми гурӯҳ қарор гирифт. Дастаҳои Урдун ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ мутаносибан ҷойҳои сеюм ва чорумро ишғол карданд.
Ҳамин тавр, духтарони тоҷик марҳилаи интихобиро бо пирӯзии бузург ба анҷом расонида, дар бозии охирин маҳорати голзанӣ ва омодагии хуби худро нишон доданд.