formula55
Писари раис ҳамсинфашро кордборон кард
539

Моҷарои хонандагони мактаби миёна дар Ёвон бо фоҷиаи хунин анҷом ёфт. Дар рафти ҷанҷоли мактабӣ як хонандаи синфи 8-ро 6 корд задаанд...

Ҳодиса рӯзи 25-уми май дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №75-и ноҳияи Ёвон рӯй дода, дар рафти ҷанҷоли мактабӣ як хонандаи синфи 8 ба шиками ҳамсинфаш 6 корд задааст. Сабаби сар задани моҷарои хунин дар байни ду наврас маълум нест, вале ба иттилои расонаҳо, ҳамлагар писари раиси бозор ва бачаи захмишуда фарзанди собиқ муҳосиб, яъне бухгалтери бозор будааст.

Дар наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гаштааст, дида мешавад, ки як гурӯҳ одамон дар атрофи як ҷавони ғарқи хун ҷамъ шуда, кӯшиш мекунанд ба ӯ ёрӣ расонанд.

Ба гуфти шоҳидони ҳодиса, мактаббачаи захмишударо фавран ба беморхона бурдаанд ва пизишкон ҷони ӯро наҷот додаанд. Дар ин бора “Озодӣ” хабар додааст.

Ҷангу ҷанҷолҳои мактабӣ солҳои охир ба мавзӯи доғи ҷомеаи мо табдил ёфтааст. Занозанию ҷанҷолҳои мактабӣ бештар дар моҳи май дар арафи занги охир ба вуқуъ мепайванданд. Бадбахтона, баъзан моҷароҳои мактабӣ бо куштор анҷом меёбанд, ки хеле ташвишовар мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД