sebiston july new
Пойдоманҳои чармӣ дар мавсими тирамоҳ
3132

 

Мӯд ҳамеша тағйирёбанда аст ва он чизе, ки дар фаслҳои гузашта муҳим буд, метавонад оҳиста-оҳиста маъруфиятро аз даст диҳад. Аммо чизҳое ҳастанд, ки классикӣ ва асоси либоси муосири занона шудаанд. Инҳо доманҳои чармии занона дар тирамоҳ мебошанд.

Имрӯз пойдоманҳои чармӣ дар намуди ҳаррӯзаро барои кор, ҷашн ё тсайру гашт бо дӯстон ба бар мекунанд.

Маҳсулоти чармӣ ҳоло ҳам дар мӯд мебошанд. Домани чармӣ як узви либоси амалӣ ва услубии гардероб аст, ки онро ба осонӣ бо чизҳои зиёде пӯшидан мумкин аст, хоҳ куртаи лас, хоҳ куртаи классикӣ ё шаффоф. Домани чармӣ бо свитерҳо, куртаҳои гуногунранг, расмӣ ва дар маҷмӯъ, бо ҳама гуна зебо ба назар мерасад. Муҳим он аст, ки услуби дурустро мувофиқи намуди баданатон интихоб кунед.

Модели универсалӣ барои ҳар рӯз домани чармии сиёҳ аст, ки метавонед онро дар идора бо ҷӯроби ғафси сиёҳ (колготки) куртаи классикӣ ва пиҷҷаки дароз пӯшед.

 

 

Пойдоманҳои чарминро ба таври хаққонӣ универсал номидан мумкин аст. Услуби минималистӣ дар ин ҳолат маҳз он чизест, ки шумо бояд ба он диққат диҳед. Барои хонумҳои калонсол, мо тавсия медиҳем, ки ба рангҳои тобиши доман ва дарозии миёна диққат диҳанду бо он пойафзолҳои мувофиқ ва куртаҳои зебо ба бар намоянд. Ҳама чиз аз услуби шумо вобаста аст.

Маҳсулоте, ки аз чарми экологӣ сохта шудаанд, мувофиқан хеле арзонтаранд, шакли худро хуб нигоҳ медоранд ва нигоҳубини онҳо душвор нест.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД