formula
Президент бо гапи занаш вазирро аз кор ронд
3144

 

Шоири ширинкаломи тоҷик, зиндаёд Лоиқ Шералӣ дар як шеъри машҳури ба зан бахшидааш байни аҷибе дорад:

-Гар равад зери замин ё ба фалак хайма занад,

Ҳар куҷо марди бузургест, гирифори зан аст.

Дар ҳақиқат занҳо нерӯи бузургеро доро ҳастанд ва метавонанд лаҷоми боақлтарин, пурзӯртарин, донотарин ва машҳуртарин мардонро низ ба даст бигиранд. Намояндагони ҷинси зариф инро ба гардан намегиранд ё эътироф кардан намехоҳанд, вале дар асл тамоми мардон, сарфи назар аз касбу кор, синну сол ва мавқеи иҷтимоияшон занкалон буда, қариб ҳама корро бо маслиҳат ва роҳнамоии ҳамсарашон ҳал мекунанд. Далели равшани ин гуфтаҳо зиндагии собиқ президенти Амрико Авраам Линколн мебошад.

Ҳамсари Авраам Линколн-Мери Тод яке аз занҳои бадрашктарин ва бадҷаҳлтарини ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Ҳолдонҳо қисса мекунанд, ки ин зани шаттоҳ боре аз рашк дар ҳузури меҳмониҳои олиқадр финҷони қаҳваи сӯзонро ба рӯйи президент пошидааст.

Як бори дигар ҳамсараш Мери аз Авраам Линколн хоҳиш кардааст, ки яке аз вазирони номдори Амрикоро аз вазифа озод намояд. Президент ҳайрон шуда, сабаб мепурсад. Мери дар ҷавоб мегӯяд, ки зани таннози он вазир ба аспи ту савор шуд, аниқ он беваи шаттоҳ ба ту ошиқ шудаасту орзуи хонуми аввал шуданро дорад. Ҳамин тавр ба хотири аз зани он вазир қасос гирифтан Мери шавҳари президенташро маҷбур месозад, ки вазири бечораро бе ягон гуноҳ аз кор озод созад.

Атрофиён рафтори аблаҳонаи маликаи қасри сафедро дида ба Авраам Линколн маслиҳат медоданд, ки аз ин зани шаттоҳ ва беандеша ҷудо шавад, вале президент розӣ нашуда мегуфт, ки бо шарофати Мери ба чунин қулллаи баланд расида, президенти Амрико шудааст.

Дар ҳақиқат вақте, ки Мери бо Линколн издивоҷ намуд, Авраам як ҳуқуқшиноси оддӣ буд. Мери духтари як шахси сарватманд буда, ба қавле дар болои пул роҳ мегашт, аммо ба ин нигоҳ накарда, бо тамоми ҳастияш ба Авраам ошиқ шуд. Аз меҳру муҳаббати зиёд нисбати ин ҷавон вай ба Авраам “Аббии ростқавл” лақаб гузошта буд. Ҳама ба Мери мегуфтанд, ки Авраам як бачаи камбағалу нодор аст, ту бо чунин марди кашталканда дар зиндагӣ азоб мекашӣ, аммо Мери бо дили пур мегуфт, ки ҳоло истед, як рӯз не, як рӯз Авраам президенти Амрико мешавад. Бисёриҳо бо шунидани ин гап тамасхуромез табассум мекарданд, аммо пас аз чанд сол дар ҳақиқат Линколн бо кӯмаки ҳамсараш президенти Амрико шуд.

Ин мард бо роҳнамоии ҳамсараш, ки бадрашку бадтол бошад ҳам, бисёр зани боақлу ба тадбир буд, Амрикоро аз ғуломӣ наҷот дод, барои ҳуқуқҳои занон мубориза бурд, амр намуд, ки ба тамоми ниёзмандон замин тақсим кунанд, ғуломонро озод намоянд, аммо бо ин ҳама шӯҳрату бузургӣ худ як умр гирифтори Мери Тод монд.

Билохира, Авраам Линколнро дар пеши чашми занаш куштанд. Пас аз марги шавҳари дӯстдораш Мери Тод девона шуд. Вай шабҳо дар нисфи рахти хоб мехобиду нисфи дигарашро холӣ мегузошт. Мери мегуфт, ки дар гӯшаи дигари рахти хоб “Аббии ростқавл” мехобад.


Муддати шаш моҳ мешавад, ки ин бачаи ноболиғ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад, вале...

 


Мери ба дараҷае ба Авраам ошиқ буд, ки ҳатто баъди марги ҳамсараш ҳамеша бо гуфтугӯ мекард ва мегуфт, ки ӯро мебинад. Баъзеҳо бар он назаранд, ки арвоҳи Авраам дар ҳақиқат шабҳо дар рахти хоб дар паҳлӯи Мери мехобидааст, чунки президенти баъдии Амрико ва баъзе шахсони дигар низ Авраам Линколнро баъди маргаш дар қасри сафед дидаанд. Ӯ аз дур истода ба сӯи онҳо табассум мекардааст. Ба гуфтаи одамоне, ки ӯро дидаанд, Авраам бо нигоҳаш кадом сиреро пинҳон мекард ва ин далели он аст ки ҳеҷ чиз бо марг анҷом намеёбад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД