Имрӯз, 30-юми июли соли 2026 Cарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тағйироти кадрӣ ба амал оварда, роҳбарони комиссариати ҳарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, комиссарони ҳарбии шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Бохтар, Леваканд, Восеъ, Кӯшониён, Хуросон, Темурмалик, Қубодиён, Рашт, Лахш, Ваҳдат, Файзобод, Истаравшан, Конибодом, Гулистон, Спитамен, Мастчоҳ, Айнӣ ва Шаҳристонро иваз намуданд.
Гуфта мешавад, ки сардорони чанд раёсат ва роҳбарони бархе аз воҳидҳои низомии Вазорати дифоъ ва Сардори раёсати Қӯшунҳои сарҳадии ВМКБ низ нав шудаанд.
Бо фармони президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Фатҳиддин Саъдуллозода сардори Маркази тайёрии нерӯ (кадр)-ҳои Горд (Гвардия)-и миллӣ таъин шуда, Файзулло Набизода аз мақоми фармондеҳи Бригадаи якуми махсуси зудамали Горди миллӣ озод ва ба ҷойи ӯ Абдусалом Одиназода ба ин вазифа таъин шудааст. Ҷойи Одиназодаро Нусратулло Камолзода ишғол намуда, ҳамзамон Ҳасан Маҳмадализода, ки аз моҳи феврали соли 2024 фармондеҳи Дастаи махсуси комендантии Горди миллӣ буд, аз вазифа озод карда шудааст.