Прокурори Хатлон аз вазифа сабукдӯш гардид
300

Прокурори вилояти Хатлон Аваз Назарзода аз вазифа сабукдӯш карда шуд. Дар ин бора сомонаи Президенти Тоҷикистон хабар додааст.

Дар хабар омадааст, ки Аваз Назарзода, додситони вилояти Хатлон бо далели риоя накардани меъёрҳои ҳуқуқии касбӣ ва содир намудани кирдоре, ки шаъну шарафи корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқро паст мезанад, аз мақомаш барканор ва аз сафи кормандони мақомоти прокуратура ихроҷ шудааст.

Ёдрас мешавем, ки Аваз Назарзода моҳи январи соли 2024 ба ҷойи Абдураҳим Раҳимзода прокурори вилояти Хатлон таъин шуда буд. Мавсуф қаблан дар вазифаи прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кор мекард.

Ногуфта намонад, ки прокурори шаҳри Хоруғи Бадахшон, роҳбарони мақомоти прокуратураи ноҳияҳои Хуросон, Балҷувон ва Шаҳритуси вилояти Хатлон, Зафаробод, Спитамен ва Деваштичи вилояти Суғд, Файзобод, Рашт, ҳамчунин прокурори ҳарбии гарнизони Рашт аз вазифа озод карда шудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД