formula
Пӯшидани либоси арӯсӣ дар хоб чӣ таъбир дорад?
5646


Салом! Хонандаи ҳамешагии “Оила” ҳастам ва мехоҳам таъбири хобамро бо кӯмаки шумо бифаҳмам. Гап дар сари он аст, ки вақтҳои охир ман тез-тез худам ё шахсони наздикамро дар хоб бо либоси арӯсӣ мебинам. Баъзе шиносҳоям мегӯянд, ки тӯй ва либоси арӯсӣ дар хоб хосияти хуб надорад ва аз беморӣ ё марги ягон одами наздик ва дӯстоштаи шахси хобдида дарак медиҳад. Аз ҳамин хотир сахт дар ташвиш ҳастам. Илтимос, бигӯед, ки таъбири хобҳоям чист?
Сарвиноз Ашӯрова сокини ш. Душанбе
Посух
Пӯшидани куртаи арӯсӣ дар хоб ба тағйиротҳои ҷиддӣ дар зиндагии шахси хобдида ишорат менамояд, вале таъбири хоб ба рангу ҳолати либос ва худи шахси хобдида рабт дорад. Духтар ё зани муҷаррад хоб бинад, ки либоси арӯсӣ ба бар кардааст, мардеро во мехӯрад, ки дили ӯро ба даст оварда, хушбахташ месозад. Духтаре, ки аллакай марди дӯстдошта дорад, агар хоб бинад, ки либоси арӯсӣ пӯшида истодааст, аз ошиқаш ҷудо шуда, ба марди дигар ба шавҳар мебарояд.
Зани шавҳардор хоб бинад, ки дар тан либоси арӯсӣ дорад ва дигарон дар тӯяш рақсу бозӣ карда истодаанд, ин чандон фоли хуб набуда, аз сар задани ҷангу ҷанҷоли ҷиддӣ байни ӯ ва ҳамсараш дарак медиҳад, ки то ба талоқ бурда метавонад ё ин зан ба гирдоби тӯҳмат гирифтор гашта, душманонаш дар борааш овозаҳои нохуш паҳн мекунанд.
Зан хоб бинад, ки арӯс шудааст, вале дар паҳлӯяш боз як арӯси дигар низ ҳаст, ин аз пайдо шудани рақиб дар ҳаёти ӯ дарак мелдиҳад, агар духтари ҷавон бошад, дӯстдоштааш маъшуқаи нав меёбад, агар зани шавҳардор чунин хоб бубинад, шавҳараш ба ӯ хиёнат мекунад ва ё дар болояш зани дигар мегирад.
Зан хоб бинад, ки куртаи арӯсӣ пӯшида истодааст, вале он ба танаш танг аст, дар ҳаёташ ягон ҳодисаи нохуш рӯй дода, нақшаҳояш барбод мераванд. Либоси арӯсӣ ба танаш кушод бошад, ин маънои онро дорад, ки зан барои амалӣ гаштани орзуҳояш ба қадри зарурӣталош накарда истодааст. Дар хоб саросемавор либоси арӯси пӯшидан шахси хоб дидаро ҳушдор медиҳад, ки эҳтиёт бошад, чунки хатари ба доми фиреб гирифтор шуданаш вуҷуд дорад.
Зан хоб бинад, ки дар танаш либоси арӯсӣ дорад ва ба оина нигоҳ карда истодааст, соҳиби вазифа мешавад, мансаб мегирад, даромади калон ба даст меорад ва ё ягон дастовардаш ӯро машҳур месозад.
Зан шавҳардор хоб бинад, ки либоси дар тӯйи арӯсиаш пӯшидаашро ба бар кардааст, агар бо шавҳараш қаҳрӣ бошад, оштӣ мешаванд, вале хоб бинад, ки куртаи дигари арӯсӣ пӯшидааст, хавфи ӯро дар хиёнату бевафоӣ муттаҳам кардани ҳамсараш вуҷуд дорад.
Зан хоб бинад, ки дар танаш либоси арӯсӣ дорад ва ба миёнаш миёнбанд бастааст, азоби бепулӣ мекашад ё ба гирдоби қарз меғӯтад. Хоб бинед, ки дар танатон либоси арӯсӣ доред ва ҳаво офтобӣ аст, муносибатҳои шумо бо шахси дӯстдоштаатон ширин хоҳанд гашт, вале ҳаво абрнок ё боронӣ бошад, ин ба сар задани нофаҳмӣ, ҷангу ҷанҷол ва ҷудоӣ дар байни ду дилдода ишорат мекунад.
Либоси тозаю оҳарии арӯсӣ пӯшидан ба хушбахтӣ ва рӯйдодҳои хуб дар зиндагии шахси хобдида далолат менамояд, вале дар хоб либоси чиркини арӯсиро ба бар намудан хосияти хуб надорад. Ҳар қадар, ки либоси чиркин бошад, ҳамон андоза дар ҳаёти шахс мушкилоти зиёд сар зада метавонанд. Дарбеҳ карадани либоси арӯсӣ дар хоб маънои онро дорад, ки душманонатон қасди вайрон кардани оилаи хушбахти шуморо доранд ва дар ғайбатон ҳар хел овозаҳои нохуш паҳн карда истодаанд.
Хоб бинед, и хоҳар ё ягон шаси дигари наздикатон либоси арӯсӣ пӯшидааст, ин фоли хуб буда, аз хушбахт шудани ҳамон шахс дарак медиҳад. Модар хоб бинад, ки духтараш либоси арӯсӣ пӯшидааст, агар арӯс ғамгин бошад, оила қарздор мешавад, вале хушбахту хандон бошад, дар ҳаёти он хонавода ягон ҳодисаи хуб ба амал меояд. Модар хоб бинад, ки духтараш мурдааст, вале дар танаш куртаи арӯсӣ аст, ин маънои онро дорад, ки ба саломатии аҳли оила ва фарзандонаш ягон хатар таҳдид намекунад, вале арӯс зиндаю либосаш чиркин бошад, дар ҳаққи духтараш ягон овозаи бад паҳн мешавад. Либоси қмматбаҳо доштани арӯс маънои нро дорад, ки аҳли оила даромади калон ба даст оварда, бою бадавлат мешаванд.

Либоси сафеди арӯсӣ нишонаи сар задани рӯйдодҳои хуб дар ҳаёти шахси хобдида аст, вале ранги куртаи арӯс сиёҳ бошад, агар зан шавҳар дошта бошад, ҳамсараш бемор мешавад, ягон хабар инохуш шунида, гиря мекунад ё хиёнати ёрашро фаҳмида аз зиндагӣ дилсард мегардад.
Куртаи арӯсии шумо дар хобадон бо марворид оро дода шуда бошад, ягон хабари нохуш шунида гиря мекунед, вале пур аз сангҳои зебои қиматбаҳо бошад, соҳиби боигарӣ мешавед. Духтари ҷавон хоб бинад, ки куртаи зебои арӯсӣ пӯшидааст, дари бахташ кушода мешавад, вале тӯри дар сараш буда бениҳоят дароз бошад, ба доми фиреби марди ҳиллагаре меафтад.
Дар маҷмӯъ пӯшидани куртаи арӯсӣ дар хоб хуб буда, маънои маргу мурда ё сар задани ягон ҳодисаи нохушро надорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Иброхим 2023-07-11, 06:39
Салом аз шумо мехостам ба ман кумак карда хоби маро маънидод мекардед. Ман дар хоб дидам аз сафар ба хона омадам ба хона дузд даромадааст либосхои маро дуздидаанд, ва ахмият надодам фикр кардам ки ин як хоб аст , ва боз аз байн як чанд вакт гузашт боз дубора хоб дидам ки дар кор хастам вакте бегох ба чои зитмам меоям либосхои маро дуздидаанд. Рости сахт норохат шудам умед ки як мазмуне неке дошта бошад
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Иброхим 2023-07-11, 06:39
Салом аз шумо мехостам ба ман кумак карда хоби маро маънидод мекардед. Ман дар хоб дидам аз сафар ба хона омадам ба хона дузд даромадааст либосхои маро дуздидаанд, ва ахмият надодам фикр кардам ки ин як хоб аст , ва боз аз байн як чанд вакт гузашт боз дубора хоб дидам ки дар кор хастам вакте бегох ба чои зитмам меоям либосхои маро дуздидаанд. Рости сахт норохат шудам умед ки як мазмуне неке дошта бошад
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД