toyota motors
“ПСЖ” боз қаҳрамони Фаронса шуд
15.05.2026
Oila.tj
82

Бошгоҳи “Пари Сен-Жермен” панҷумин маротиба пайиҳам унвони қаҳрамони Фаронсаро ба даст овард.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, дар бозии даври 29-уми Лига 1 тими шаҳри Париж бо ҳисоби 2:0 дастаи “Ланс”-ро мағлуб кард. Голҳоро аз ҳайати тими шаҳри Париж Хвича Кваратсхелия ва Ибраим Мбайе ба самар расониданд. Бо ин пирӯзӣ “ПСЖ” пеш аз муҳлат қаҳрамонии худро таъмин намуда, 76 имтиёз ба даст овард.

Охирин бор “ПСЖ” дар мавсими 2020/2021 аз қаҳрамонӣ маҳрум шуда буд. Он вақт “Лилл” унвони чемпионро соҳиб гардида, тими шаҳри Париж ҳамагӣ бо як имтиёз камтар дар ҷойи дуюм қарор гирифта буд.

Дар даври ниҳоии чемпионати Фаронса “ПСЖ” бо дастаи “Париж” бозӣ мекунад, “Ланс” бошад, бо “Лион” рақобат менамояд. Ҳамаи бозиҳои даври 34-уми Лигаи 1 рӯзи 17-уми май баргузор шуда, соати 23:50 ба вақти Душанбе оғоз мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки дастаи “ПСЖ” бори 14-ум унвони қаҳрамониро дар Фаронса соҳиб шуд. Қаблан, даста солҳои 1985/86, 1993/94, 2012/13, 2013/14, 2014/15, 2015/16, 2017/18, 2018/19, 2019/20, 2021/22, 2022/23, 2023/24 ва 2024/25 қаҳрамони Фаронса шуда буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД