goodwell
“ПСЖ” дифоъгари мунтахаби Фаронсаро харидорӣ кард
11.08.2026
Oila.tj
26

Бошгоҳи футболи “ПСЖ” оид ба имзокунии шартнома бо дифоъгари мунтахаби Фаронса Люк Дин аз тими англисии “Астон Вилла” эълон кардааст.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, шартномаи ӯ бо дастаи нав то тобистони соли 2029 муҳлат дорад ва дар сафи парижиён пироҳани рақами 12-ро ба бар хоҳад кард.

"Бароям шарафи бузург аст, ки пас аз таҷрибаи аҷибе, ки беш аз 10 сол пеш дар ин ҷо доштам, ба “ПСЖ” бармегардам. Аз оне, ки бошгоҳ дар тӯли солҳо чӣ гуна рушд кардааст, махсусан таассурот дорам. Имконот дар базаи тамринӣ истисноӣ буда, орзуҳои дастаро инъикос мекунанд. Бесаброна интизори оғози ин қисмати нави маснади варзишӣ ҳастам ва тамоми таҷрибаи худро ба нафъи дастаи истифода хоҳам бурд. Боз ҳам ҳама кори аз дастам меомадаро мекунам, то шарафи бошгоҳи “ПСЖ”-ро ҳимоя кунам",- иқтибос овардааст сомонаи расмии бошгоҳи парижӣ аз суханони Дин.

Мавсими гузашта Лукас дар ҳама мусобиқаҳо 44 бозӣ анҷом дода, ҳафт ассист ба номаш навишта кардааст. Ҳимоятгар ҳамчунин шаш бозӣ дар Ҷоми ҷаҳонии 2026 анҷом додааст. Дин қаблан аз соли 2013 то 2015 дар дастаи “ПСЖ“ бозӣ кардааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД