formula55
Пули барқро кӣ медиҳад: хонафурӯш ё хонахар?
904

Ба наздикӣ хонаи нав харидем, вале маълум шуд, ки соҳибони пештараи хона пули барқу дигар хизматрасониҳои коммуналиро пардохт накарда, хона қарздор будааст. Ба соҳиби пештараи хона занг зада, вазъиятро фаҳмондам, вале вай саркашӣ карда мегӯяд, ки аз касе қарздор несту ягон тин пул намедиҳад. Пули барқро кӣ бояд диҳад: хонафурӯш ё хонахар?

Посух

Мутобиқи талаботи кунунӣ дар вақти ба расмият даровардани муомилаи хариду фурӯши манзил, фурӯшанда мебоист ба Идораи нотариалии давлати ва КФММГ, ва ғайра мактуб оиди қарздор набудан аз андоз, барқ, об ва дигар хизматрасониҳои коммуналӣ оварда мешуд.

Дар ҳолати Шумо , метавонед рафта ба таври расми маълумотнома гиред барои аз кадом сохтор қарздор ва барои кадом солу моҳ, ва соҳибмулки пештараро ба суд барои уҳдадор намудани пардохти барқи истифодашуда муроҷиат намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД