Arzon march 2024
Пулро дар сандуқ намон, медузданд!
1070


Дар хона нигоҳ доштани маблағҳои калони пулӣ хавфнок аст. Афроди беинсофе ҳастанд, ки одамони пулдорро ҳадафи худ қарор дода, шабу нимашаб ба манзилашон медароянд ва маблағи бо хуни ҷигар ба даст овардаи соҳибхонаро дар як мижа задан ба яғмо мебаранд.

Ҳодисаи дар ноҳияи Файзобод рӯй дода далели равшани ин гуфтаҳост.

Вазорати умури дохилии кишвар аз ошкор шудани як ҷинояти дуздӣ ба маблағи калон хабар додааст. Тавре ки манбаъ менависад, як зани 41-солаи сокини Файзобод ба шӯъбаи корҳои дохилӣ муроҷиат карда, аз он шикоят намудааст, ки шаби 23-юми март шахсони номаълум ба манзили истиқоматиаш даромада, аз сандуқ маблағи калон-75-ҳазор сомониро ба яғмо бурдаанд.

Дар пайи аризаи шикоятии ин зан як ҷавони 19-солаи сокини ноҳияи Файзобод ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуда, тафтишот идома дорад.
Мутаассифона, ҳодисаҳои дуздии молу амволи дигарон солҳои охир дар кишвари мо рӯ ба афзоиш ниҳодаанд. Дуздони бераҳму сангдиле низ ҳастанд, ки ба хотири соҳиб шудан ба пули муфт аз ягон амали нангин худдорӣ накарда, ҳатто даст ба куштори соҳибхона мезананд. Аз ҳамин хотир мо аз тамоми сокинони кишвар хоҳиш мекунем, ки маблағҳои пулии худро ҳаргиз дар хона нигоҳ надоранд. Ба хотири бехатарии худ ва пайвандонатон пасандозатонро дар бонк нигоҳ доред ё ақаллан корт кушода, ба кортатон партоед. Ба ин васила шумо ҳам маблағ ва ҳам ҷони худу азизнатонро дар амон нигоҳ хоҳед дошт.
Ф. Сатторӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД