formula
Путин варзишгарони тоҷикро таъриф кард!
807


Президенти Русия Владимир Путин варзишгарони тоҷикро ситоиш намуда, онҳоро “Командаи пурқувват” номидааст.

Дар бозиҳои зимистонаи “Мы вместе. Спорт" президенти Русия Владимир Путин ба варзишгарони тоҷик баҳои хеле баланд дод.
“Дар варзиши сабук-атлетика варзишгарони рус ва белорус дар тамоми дунё беҳтарин ҳастанд. Ин далели раднашаванда ва бебаҳс аст, зеро онҳо сеяки тамоми ҷоизаҳои байналмиллалиро дар ин ҷода ба даст овардаанд. Аммо дар қатори онҳо варзишгарони дигари хеле муваффақ низ ҳастанд. Аз ҷумла командаҳои Арманистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон хеле пурқувватанд”-таъкид кардааст Владимир Путин.

Ёдрас мешавем, ки бозиҳои зимистонаи “Мы вместе. Спорт" дар Вилояти Ханти-Мантий аз 18 то 21 март баргузор гашта, ба иттилоъи Спутник-Тоҷикистон дар ин сабқат варзишгарони рус 39 медали тилло, 40 медали нуқра ва 27 медали биринҷӣ ба даст овардаанд.
Ба ғайр аз ҷоизаҳои ба даст овардаашон ба ғолибони мусобиқа ҳамчунин мукофотҳои пулӣ дода мешавад.

Варзишгароне, ки соҳиби медали тилло гаштаанд дар ҳаҷми 4 млн, дорандагони медали нуқра 2,5 млн ва медали биринҷӣ 1,7 млн мукофот мегиранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД