Sebiston new 2024 october
Раҷабгул дар Русия бемору фарзандонаш дар ба даранд
1096

Дирӯз як муҳоҷирзани тоҷик аз шаҳри Маскави Русия бо идораи сомонаи Оила. ТЧ занг зада, хоҳиш кард, ки ҳаёти сангини ӯро ба хонандагони сомона қисса намоем.
Раҷабгул Валиева зодаи деҳаи Ҳилолии ҷамоати деҳоти Хуросони ноҳияи Хуросон мебошад.

Тақдири талх ва душвориҳои зиндагӣ ин зани тоҷикро маҷбур намудааст, ки рӯ ба муҳоҷирати меҳнатӣ оварад. Раҷабгул модари 5 фарзанд буда, қариб се моҳ мешавад, ки дар мулки бегона бемор хобидааст ва ба гуфти худаш, ҳоли зоре дорад.

Тавре ки худи Раҷабгул зимни суҳбати телефонӣ ба мо қисса кард, шавҳараш ҳанӯз соли 2014 ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, бе ному нишон гаштааст. Вай мегӯяд, азбаки ҳамсараш падару модар ва ёру бародар надорад, таӯйи ин солҳо касе ба ҷустуҷӯи ӯ нарафт, худи Раҷабгул низ имконияти иқтисодӣ надоштааст, ки ба Русия рафта, падари фарзандонашро кобад.

“Бо умед солҳо интизор шудам, ки шояд рӯзе шавҳарам худаш аз дар даромада меояд ё ақаллан занг мезанад, аммо аз ӯ ягон хату хабар нашуд. Маҷбур шудам, ки худам миёнамро маҳкам баста, бо қарзу қавола чиптаи ҳавопаймо харида, ба Русия коркунӣ биёям ва барои кӯдаконам як пора нон ёбам. Аввалҳо корам чандон набуд набуд, дар ошхонаҳо фаррошию зарфшӯӣ карда, каму беш пул кор мекардам, вале ин дафъа корам омад накарда, касал шудам. Муддати се моҳ мешавад, ки дар мулки мардум бемору нотавон ва хору зор хобидаам, на маблағе дорам, ки худамро табобат кунам ва на имконияти ба Ватан баргаштан дорам”-мегӯяд бо алам ин муҳоҷирзани тоҷик.

Ба гуфти Раҷабгул, 3 фарзанди хурдсолаш дар тарбияи модари пир ва касалмандаш буда, 2 фарзанди калониаш дар ба дар мегарданд.
“Модарам пир шудаанд, бар замми ин, беморанд, ҳар рӯз занг зада мегӯянд, ки бачам, дигар зӯри ман ба нигоҳубини кӯдакат намерасад. Биё, онҳоро соҳибӣ кун ё гирифта ҳамроҳат ба Русия бубар. Сарҳисоби зиндагиамро гум кардаам, намедонам чи кор кунам”-мегӯяд ин зан.

Раҷабгул Валиева танҳо як хоҳиш дорад-мехоҳад ҳукумати ноҳияи Хуросон барои ӯ ва фарзандони падардори бе падараш як қитъа замин ҷудо карда диҳанд, то илоҷе карда, як кулбачае созад ва кӯдаконашро аз дари хонаи мардум ҷамъ намуда, дар Ватан орому осуда зиндагӣ кунад.

Шахсоне, ки мехоҳанд ба ин зан дасти ёрӣ дароз намоянд, метавонанд ба рақамҳои зерин занг зада бо Раҷабгул Валиева тамос бигиранд: +7 977 889-91-91 рақам бо корти Тинкоф пайваст аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД