Раиси диаспораи тоҷикон дар Пермро аз Русия ихроҷ карданд
135

Сайфиддин Одинаев, раиси диаспораи тоҷикон дар Перм бо гумони содир кардани амалҳое, ки ба амнияти Русия таҳдид мекунанд, аз қаламрави Федератсияи Русия ихроҷ шуда, вурудаш ба ин кишвар дар тӯли ним асри минбаъда манъ карда шудааст.

Тавре расонаҳои русӣ дар такя ба Хадамоти федералии амнияти Русия навиштаанд, Сайфиддин Одинаев, раиси диаспораи тоҷикон дар Перм аз шаҳрвандии Федератсияи Русия маҳрум ва вурудаш ба қаламрави Русия ба муддати 50 сол манъ карда шудааст.

Гуфта мешавад, ки Одинаев чанд бор мавриди бозҷӯии мақомоти ин кишвар қарор гирифта, соли 2014 бо иттиҳоми “роҳзанӣ” 11 моҳ ҳабс шудааст, вале назари худи ӯ дар ин бора маълум нест.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД