Formula novemver 2024
Раиси Думаи давлатии Россия дар боби қонунҳои нав чӣ мегӯяд?
723

Раиси Думаи давлатии Россия Вячеслав Володин дар суҳбат бо журналистони рус гуфтааст, ки Дума чанд пешниҳоди навро дар масъалаи ба низом даровардани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ омӯхта истодааст.

Айни замон депутатҳо дар ин самт кор бурда истодаанд ва зимни вохӯриҳояшон бо мардум ин масъалаҳоро ба миён гузошта, фикру андешаҳои интихобкунандагони худро пурсон мешаванд. Ба гуфти ин мақомдори парлумони рус, соли равон ба Думаи давлатии Россия дар маҷмуъ 28 лоиҳаи нави қонун пешниҳод шудааст, ки ба раванди муҳоҷирати меҳнатӣ дахл доранд. Аз ин шумора 6 лоиҳа моҳи август барои баррасӣ ва муҳокима ба вакилони халқ пешниҳод карда шудаанд. Дар ин бора "Дума ТВ" хабар медиҳад.

“Соли равон Думаи давлатии Россия 6 қонуни навро қабул кард, ки раванди муҳоҷирати меҳнатиро ба танзим медароранд. Айни замон боз чанд пешниҳоди дигар аз ҷониби депутатҳо омӯхта мешавад ва дар ҳоли баҳсу баррасӣ қарор доранд”,- навиштааст манбаъ.

Ба гуфти Володин, айни замон депутатҳои рус лоиҳаи навро дар бораи ба муҳоҷирони меҳнатӣ манъ кардани бо худ овардани зану фарзандон ва дигар аъзои оилаашон ба Россия омӯхта истодаанд. Дар баробари ин, масъалаи ҳатман аз дактилоскопия гузаштани шаҳрвандони хориҷӣ қабл аз вурудашон ба хоки Россия, манъ намудани фаъолияти меҳнатии муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳои ҳаётан муҳим, аз ҷумла дар соҳаи тандурустӣ ва маориф мавриди баррасӣ қарор дорад.

Ба гуфти Вячеслав Володин, намояндагони аксари ҳизбҳои сиёсии Россия ба ҷонибдории лоиҳаҳои дар боло номбаршуда овоз дода истодаанд.

Раиси Думаи давлатии Россия аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ низ хоҳиш кардааст, ки назари худро дар ин масъала нависанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД