Commerc banl
Раиси Суғд бо фаъолияти «Бӯи баҳор» шинос шуд
14.03.2026
Oila.tj
101

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо фаъолияти гармхонаи гулпарварии «Бӯи баҳор» шинос шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, гармхонаи гулпарварии «Бӯи баҳор» аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ дар масоҳати беш аз 1,5 гектар бунёд гардида, айни замон дар чор гармхона чор намуди гул бо миқдори умумии беш аз 700 ҳазор бех парвариш карда мешавад. Гулҳои парваришшуда асосан барои ороиши кӯчаву хиёбонҳо, боғу гулгаштҳо ва майдонҳои шаҳру ноҳияҳо пешбинӣ гардидаанд.

Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода аснои боздид ба сифати парвариши гулҳо баҳои баланд дода, таъкид намудааст, ки барои таъмини шаҳру ноҳияҳо бо гулҳои ороишии мавсимӣ ва зебову назаррабо гардонидани кӯчаву хиёбонҳо бояд масоҳати гармхонаҳои замонавӣ бештар карда шавад.

Ба масъулини гармхона инчунин дастур дода шудааст, ки барои қонеъ намудани талабот ба гулҳои мавсимӣ ва зиёд намудани иқтидори истеҳсолӣ тадбирҳои амалӣ андешанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД