goodwell
Раиси Суғд бо рафти бастабандии пиёз ва содироти маҳсулот шинос шуд
18.05.2026
Oila.tj
39

Зимни боздиди корӣ раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз нуқтаи бастабандӣ ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов боздид намуда, бо ҷараёни саракунӣ, бастубанд ва интиқоли пиёз ба хориҷи мамлакат шинос гардидааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, маълумот дода шудааст, ки дар ду шафати истгоҳи Роҳи оҳани Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 9 нуқтаи содироти маҳсулоти кишоварзӣ фаъолият дошта, айни замон барои омодасозии пиёзи барвақтӣ ба содирот саҳми назаррас мегузоранд. Дар ин нуқтаҳо беш аз ҳазор нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардида, барои соҳибкорону тоҷирон тамоми шароити мусоид муҳайё карда шудааст.

Қайд гардидааст, ки барои бе мушкилӣ ба роҳ мондани содироти маҳсулоти кишоварзӣ ситоди вилоятӣ фаъолият дошта, ба соҳибкорон, тоҷирон ва интиқолдиҳандагони бор вобаста ба талаботи бозор дастуру тавсияҳои муфид пешниҳод менамояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД