Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода куштори ваҳшиёнаи писарбачаи 10-солаи тоҷик Қобилҷон Алиевро пайгирӣ намуда, бо вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев дар робита ба ин қазия телефонӣ суҳбат намудааст.
Тибқи иттилои ВКД, Раҳимзода аз Колоколтсев талаб кардааст, ки сабабу омилҳои ҳодисаи мазкур ҳамаҷониба санҷида шуда, нисбати гумонбар чораҷӯӣ карда шавад.
“Дар рафти суҳбати телефонӣ қайд гардид, ки содир гардидани чунин ҷиноятҳои мудҳиш метавонад боиси вазъи ногувори ҷомеа гардида, боз барои дигар гурӯҳҳои радикалии миллатгаро талқин ва таҳрики содир намудани чунин ҷиноятҳо гардад”,- навиштааст манбаъ.
Ёдрас мешавем, ки писарбачаи 10-солаи тоҷик Қобилҷон Алиев дирӯз, 16-уми декабр дар пайи ҳамлаи як навраси 15-солаи рус бо номи Тимофей дар яке аз мактабҳои Одинсовои вилояти Маскав ба ҳалокат расид.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ ин ҳодисаро “нафрати миллӣ” хонда, ба Семён Григорев, сафири Русия дар Тоҷикистон нотаи эътирозӣ супурдааст.