goodwell
Рамзи шуҷоат ва поси хотираи шаҳидон
25

Истаравшан маркази фарҳангу тамаддун, ҳунару ҳунармандӣ, осорхонаи зиндаи таърих, пойтахти оҳангарон ва нуқтаи асосии тиҷорат дар Шоҳроҳи Бузурги Абрешим мебошад. Ин шаҳри қадима ҳарчанд таърихи беш аз 6000-сола дорад, аммо ҳамчун ноҳия дар ҳудуди Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон 11-уми майи соли 1936 сабти ном шудааст. Имсол ба таъсиёбии ин кӯҳандиёр 90 сол мешавад. Тасмим гирифтем бахшида ба 90-солагии шаҳри Истаравшан дар бораи яке аз мавзеъҳои таърихӣ, ки дар замони Шуравӣ қомат афрохтааст, маълумот диҳем.

Дар шаҳри Истаравшани бостонӣ дар ҳама давру замон иншооти муҳими таърихию фарҳангӣ бунёд гардидаанд. Яке аз чунин маконҳои таърихӣ Майдони Ғалаба мебошад. Ин майдон ба хотири гиромидошти иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945) сохта шудааст. Ҳамасола дар ин макон бахшида ба Рӯзи Ғалаба маросими гулчанбаргузорӣ ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор мегардад.

Бунёди Майдони Ғалаба соли 1969 оғоз ёфта, он тибқи лоиҳаи архитектори калони институти лоиҳакашӣ Леопалд Ефимович Воробёв амалӣ шудааст. Муҷассамаи модару кӯдак ва аскари номаълум аз тарафи ҳайкалтарошон Арвид Кравинский ва Вилнис Зибинси ригагӣ бунёд ёфтаанд. Барои сохтани ин муҷассамаҳо 2 тонна мис истифода бурдаанд. Бояд гуфт, ки Майдони Ғалаба дар замони раисии Зӯҳро Шодиева ва заҳмату талошҳои ин бону бунёд гардидааст.

Масоҳати умумии Майдони Ғалаба 4650 метри мураббаъ буда, 1450 метри мураббаъи он аз гулу дарахтони ороишӣ иборат аст. Дар майдон инчунин ҳавзе мавҷуд аст, ки он пештар фаввора низ дошт. Ҳавз дар масоҳати 420 метри мураббаъ сохта шудааст.

Дар Майдони Ғалабаи шаҳри Истаравшан ҳамзамон кохи ёдгорӣ мавҷуд аст, ки 17 метр баландӣ дошта, дар санги мармар бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ «Шаъну шарафи абадӣ ба ҷанговарони Ӯротеппагие, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ - 1941-1945 қаҳрамонона ҳалок гардидаанд» навишта шудааст.

Майдони Ғалабаи шаҳри Истаравшан 9-уми майи соли 1971 дар ҳузури меҳмонони зиёд аз шаҳрҳои Москва, Рига, Душанбе ва Ленинобод, инчунин иштирокчиёни ҶБВ, сохторҳои гуногун ифтитоҳ ёфтааст.

Оташи абадии майдонро бори аввал иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ягона дорандаи ордени Александр Невский дар Тоҷикистон Муҳиддин Додоҷонов афрӯхтааст. Ҳангоми кушодани муҷассамаҳо пардаро дорандагони се ордени «Шараф» - Раҳим Раҳмонов ва Абдуназар Фармонқулов бардоштаанд.

Соли 2006 ба хотири гиромидошти шаҳидони ҷанги Афғонистон, муҳофизони сохти конститутсионӣ ва иштирокчиёни бартарафсозии оқибатҳои фалокатбори садамаи НБА Чернобил муҷассамаи дигар бунёд ёфт. Муҷассамаи мазкур дар даромадгоҳи Майдони Ғалаба ҷойгир буда, аз се сутунпоя иборат аст. Баландии он 11 метр мебошад. Ҳамзамон дар ин майдон панҷ нимпайкараи иштирокчиёни ҶБВ гузошта шудааст.

Ҳамин тавр, 55 сол мешавад, ки Майдони Ғалабаи шаҳри Истаравшан ҳамчун ёдгории таърихӣ, рамзи шуҷоат, ватандӯстӣ ва эҳтиром ба шаҳидони Ватан арзи вуҷуд дорад. Наврасону ҷавонон ва кулли сокинони Истаравшан бо эҳсоси ифтихор ва арҷгузорӣ ба гузаштаи пуршарафи миллати худ, пайваста ба ин макони муқаддас омада, хотираи қаҳрамонони Ватанро гиромӣ медоранд. Майдони Ғалаба на танҳо як ёдгории таърихӣ, балки мактаби бузурги тарбияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ барои наслҳои имрӯзу фардо мебошад. Пойдории чунин мавзеъҳои таърихӣ моро водор месозад, ки сулҳу субот, ваҳдат ва истиқлоли давлатиро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, дар роҳи ободию пешрафти Ватани азизамон Тоҷикистон саҳм гузорем.

Абдуғаффор ШОДИЕВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД