sebiston july new
Рашки шавҳарам маро мекушад
848

Замони ҷавон будан бо дӯстдоштаам ба сайру гашт мерафатам. Ӯ мисли як марде, ки маро дӯст медораду бароям арзиш қоил аст, рашк мекард ва маро ҳама вақт аз ину он манъ мекард. Дар аввал ин бароям писанд меомад. Ҳатто гоҳе кореро анҷом медодам, ки рашкашро барангезам, зеро ин бароям лаззат мебахшид.

Баъди оиладор шуданамон ин рашки хонумонсӯз ҳоламро табоҳ кард. Ӯ ҳар замон телефонамро тафтиш мекад ва аз ҳар қадамам ҳисобот мепурсид, ки ин бароям дилгиркунанда буду хаста мешудам.

Дар зиндагӣ мушкилӣ бисёртар аст ва барои рашки шавҳарро фикр кардан мадор намемонад. Ин суханони қисми зиёди занҳое мебошад, ки гирифтори хашми рашки шавҳар шудаанд.

Аз назари равонӣ дуст доштан ҳатман бо ҳамроҳи худ рашк ҳам меорад. Шахсе, ки касеро дӯст медорад, аз тақсим кардан бо дигар кас метарсад. Барои ин баҳсу мунозираҳои нолозиму барзиёдро мекунад.

Барои камтар шудани рашки шавҳар, пеш аз ҳама, хоҳишҳо ва талаботи зиндагиашро қонеъ намудан лозим аст. Сониян, кореро, ки ӯро асабӣ мекунад, ба ҳадди имкон камтар мебояд кард.

Инчунин, барои пешгирии рашки нодаркори шавҳар талаботи шаҳвонии ӯро иҷро карда, беш аз хостааш ба ӯ меҳрубонию нозу адо кардан лозим аст. Дар ҳолате, ки шавҳар ҳис кунад занаш танҳо ӯро дуст медорад, рашку фикрҳои нолозимаш ҳам камтар мешавад.

Рашк ҳолати аксуламали шахси дустдошта аст. Он дар баъзеҳо зиёд ва дар баъзеҳо камтар дида мешавад. Аммо, буданаш хубу зиёдашро пешгирӣ кардан лозим аст.

Аз идора: Хонандаи азиз, ақидаи шумо дар ин маврид чӣ гуна аст? Рашки зан ё шавҳар ба шумо писанд аст ё не? Мехоҳед ҳамсаратон бадрашк бошад?

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД