sebiston july new
“Разведка”-ро пеш аз 8 март сар мекунам!
07.03.2022
Оила
1135

8-март-иди занон ва “Рӯзи модар” фаро мерасад. Одатан мардон бо наздик шудани ин рӯз хеле серташвиш гашта, дар ҷустуҷӯйи тӯҳфаҳои муносиб барои модар, ҳамсар, духтар ва дигар бонувони барояшон азиз меафтанд. Мардони тоҷик ба хонумҳо чӣ туҳфа мекунанд?
Барои ба ин савол ҷавоб гирифтан бо як марди эчодкори точик, журналист ва нависандаи шинохта Абдумуддассир Ахмадзода мурочиат намудем.
-Аксарият шуморо ҳамчун муаллифи қиссаи бисёр шавқовари “Арӯси шайхи тиллоӣ” мешиносанд ва мехоҳанд донанд, ки ин марди машҳур ҳамчун Шайх Салим дасткушод аст ё...?
-Албатта мо шайхи араб нестем ва наметавонем ба хонумҳоямон виллаву мошин ва алмосу бриллиант тӯҳфа кунем, аммо ба ҳар ҳол онҳоро бе туҳфа ҳам намемонем.
-Хонумҳоямон гуфта киҳоро дар назар доред?
-Ман занҳои хонадони худам-ҳамсарам, духтарам, келинҳову набераҳоямро дар назар дорам.
-Агар махфӣ набошад, мегуфтед, ки барои бонувони хонадонатон чи гуна тӯҳфа интихоб мекунед?
-Ростӣ, ман ду-се ҳафта пеш аз 8-март “разведка”-ро сар мекунам, ки бонувон чӣ туҳфаро интизор бошанд. Дар омади гап мепурсам, ки ба чи ниёз доранд ё ягон чизи дилкаши худро дар мағоза ё бозор диданду пулашон ба харидаш нарасид, хулоса бо ҳамин роҳ ба чи ниёз доштан ва дар орзуи чи буданашонро фаҳмида мегирам, ана баъд аз рӯйи имконият ба ҳар кадомашон ҳамон чизи дилхоҳашро гирифта медиҳам.
-Мабодо чизе, ки ҳамсар ё духтаратон мехоҳад, ба киссатон мувофиқ набошад, чи кор мекунед? Барои хурсанд кардани бонувон дар 8-март қарз гирифта, чизи дилхоҳашонро мехаред?
-Ростӣ, то имрӯз маҳз барои тӯҳфа харидан қарз накардаам. Зӯрам ба харидани чизи дилхоҳашон нарасад, худам ягон тӯҳфаи муносибро интихоб мекунам, охир гап дар қимати тӯҳфа не, балки дар таваҷҷӯҳ ба занон дар рӯзи ид аст.
-Имсол ба янга чӣ туҳфа карданиед?
-Як ҳамёни нави калону зебои чармин туҳфа карданиям, то ки занак бою бадавлат шавад ва мо ҳам дар сояи давлаташ осоем. (Механдад)
-Ба янгаҳои пинҳонӣ чӣ туҳфа мекунед?
-Илтимос, ҳамин мавзуъро расонаӣ накунед. Монед дар ҳамин ид тинҷ гардем! Боз занак қаҳр карда дар дами пирӣ маро аз хона наронад....
-Ба бонувони дигаре, ки дар 23-феврал ба шумо туҳфа карда буданд, чиҳо туҳфа мекунед?
-Мутаассифона, имсол ба ғайр аз ҳамсар ва духтарам дигар касе ба ман чизе туҳфа накард.
-Аз ин афсӯс мехӯред ё хурсандед, ки ҷонатон аз харидани боз чанд туҳфаи дигар халос шуд?
-Аз он афсӯс мехӯрам, ки бонувон худро аз туҳфа маҳрум карданд, агар лутф мекарданд, мо ҳам лутфи онҳоро бе эҳсон намемондем.
-Қиматарин туҳфае, ки дар умратон дар иди бонувон харидаед?
-Соли аввали хонадориамон ба янгатон ба 170 рубли шӯравӣ туҳфа харида будам. Он вақт ин хеле пули калон буд ва аз нисфи зиёди маошу даромади якмоҳаам сарфи ҳамон туҳфаи идона гашт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД