Arzon march 2024
Рӯдакӣ дар оянда метавонад шеърҳояшро хонад
363

Хабаргузории “Азиа Плюс” аз бозсозии чеҳраи шоирони классики тоҷик бо ёрии зеҳни сунъии “Midjourney” иттилоъ дод.

Кӣ медонад, дар оянда матни зеҳни сунъӣ ва тасвирҳои он то чӣ андоза рушд хоҳад кард. Шояд онҳо рӯз то рӯз беҳтару гуногунандештар мешаванд. Мусаллам аст, ки дар мавриди шахсиятҳои таърихӣ мо фақат тавсифҳои матниро дорем ё тасвирҳое тахайюлӣ рӯи китобҳо. Аксҳое, ки мебинед тасовире, ки тавассути зеҳнӣ сунъӣ рӯйи кор омадаанд ва шояд дар чопҳои баъдии девонҳои ашъори ин шоирон аз онҳо истифода шавад. Аммо дар ояндаи наздик шояд ин шоиронро дар ҳоли қироати шеърҳояшон дид”, - навиштааст ин хабаргузорӣ.

Бояд гуфт, ки то имрӯз мо чеҳраҳои ин шоирони шинохтаро дар шакли дигар дар хотир доштем, чун вақте дар фанни таълимии “Адабиёти тоҷик” бо рӯзгору осорашон ошно мешавем, симои тамоман дигареро мебинем, вале аксҳои бо роҳи сунъӣ сохташуда муосир буда, чеҳраи ин шоирони маъруфро ба ашхоси асри 21 шабеҳ сохтаанд.

Тавре ки медонед, Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, бунёдгузори адабиёти классики тоҷик соли 858 дар деҳаи Панҷрӯд, рустое дар шаҳри Панҷакенти имрӯз ба дунё омадааст. Таърихи ҳазорусадсолаи адабиёти тоҷик бо номи ӯ сахт вобаста аст.

Рӯдакиро муосиронаш ва суханварони баъдина бо унвонҳои ифтихории одамушшуаро, қофиласорои назм, соҳибқирони шоирон, султони шоирон, мақаддумушуаро ва ҳамсони инҳо ёд мекунанд.

Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ бошад, соли 1184 дар шаҳри Шероз ба дунё омада, дар айёми кӯдакӣ аз падар ятим мондааст. Дар ҷавонӣ ба Бағдод рафта, дар мадрасаи «Низомия» таҳсили илм намуда, пас аз хатми таҳсил ба ҷаҳонгардӣ сар кард ва ба Эрон, Арабистон, Осиёи Хурд, Миср, Шом, Хуросон, Мовароунаҳр ва дигар сарзаминҳо рафт. Дар миёнсолӣ ба зодгоҳаш баргашт ва дар синни 108-солагӣ, соли 1292 даргузашт.

Ҳофизи Шерозӣ соли 1321 дар шаҳри Шероз ба дунё омада, тамоми умр дар он ҷо зистааст. Сабаби "Ҳофиз’’ тахаллус гирифтанаш он аст, ки ӯ Қуръонро аз ёд медонист ва ба 14 навъ тиловат мекард.

Бино ба пешгӯии хабаргузории “Азиа плюс” дар оянда шояд нодамон ин шоиронро ҳангоми қироати осорашон ба гунаи зинда дар интернет бинанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД