sebiston july new
Рӯдакӣ: Таъмини 9 деҳа бо оби тозаи ошомиданӣ
701


Имрӯз дар ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ пойгоҳи обкашии барқароршудаи шабакаи оби ошомидании деҳаи Сароб ифтитоҳ гардид.

 

Дар маросими кушодашавии он муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Бобошоҳзода Муҳаммадшариф, Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мануэл Микаллер, директори намояндагии Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар Тоҷикистон Питер Райли, директори генералии КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” Давлатзода Усмон Гул ва сокинони деҳот иштирок намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки ин яке аз 12 иншооти таъмини оби ошомиданӣ дар деҳот ба шумор меравад, ки Лоиҳаи USAID оид ба дастгирии таъмини оби ошомиданӣ барои баланд бардоштани дастрасии одилонаи мардуми деҳот, ки аз норасоии оби нӯшокӣ пурра ё қисман танқисӣ мекашанд, барқарор намуд.

Дар оғози ҷорабинӣ Муҳаммадшариф Бобошоҳзода, муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ иброз дошт, ки маҳз бо ташаббуси ин лоиҳа акнун 6700 нафар аҳолии 9 деҳот, 2 муассисаи таълимӣ, 3 бунгоҳи тиббӣ ва 6 корхонаҳои ғайрибуҷетӣ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Зайнабобод ба оби тозаи ошомиданӣ ва сифати беҳтаргардидаи хизматрасониҳо дастрасии доимӣ пайдо менамоянд. Инчунин, дар доираи амалишавии лоиҳаи мазкур таъмини як қатори таҷҳизоти зарурӣ, ки дар таъмир ва иваз намудани қубурҳои тақсимшаванда ба аҳолӣ лозим мебошад, ба нақша гирифта шудааст.

“Ҳукумати Амрико бар он назар аст, ки ҳар як шахс ҳуқуқи дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ дошта бошад. USAID кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дастрасии бештари аҳолиро ба оби ошомиданӣ дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон зиёд намояд. Уҳдадориҳои USAID оид ба баланд бардоштани масъалаҳои дастрасии аҳолӣ ба оби ошомиданӣ баҳри ҳифзи саломатии аҳолӣ, шаъну шараф, адолат ва муҳити зист аҳамияти бузург доранд”, - қайд намуд Сафир Мануэл Микаллер зимни баромади худ.

Давлатзода Усмон Гул, директори генералии КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” дар суханронии худ қайд кард, ки иншооти обтаъминкунии Сароб солҳои 1965-1970-уми қарни гузашта сохта шуда, аз сабаби солҳои тӯлонӣ истифода бурдани ин иншоот тамоми таҷҳизоташ фарсуда ва корношоям гардида, ба таъмири асосӣ ниёз дошт. Хушбахтона, имрӯз бо дастгирии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон иншооти мазкур аз таъмири асосӣ бароварда шуда, дар ин радиф ду адад насос бо тамоми таҷҳизоти баркаш иваз карда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки барқароркунии пойгоҳи обкашии шабакаи оби ошомидании деҳаи Сароб аз ҷониби Лоиҳаи USAID оид ба дастгирии таъмини оби нӯшокӣ дар деҳот бо дастгирии молиявии USAID дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ, КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” ва Сарраёсати “Тоҷикобдеҳот” амалӣ карда шуд. Дар зарфи панҷ соли охир, тавассути ин лоиҳа ва дигар лоиҳаҳои USAID 25 шабакаи таъмини оби ошомиданӣ дар саросари кишвар барқарор ва таҷдид гардидаанд, ки беш аз 80 000 нафарро бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин менамоянд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД