Formula september
Ректор: ДДМИТ аввалин муассисаи Тоҷикистон аст, ки аз ҷониби IQAA аккредитатсия шуд
203

Моҳи июни соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз ҷониби Агентии мустақил оид ба таъмини сифати таҳсилот (IQAA), ки дар Ҷумҳурии Қазоқистон ҷойгир аст, аккредитатсияи институтсионалии байналмилалӣ гузаронида шуд. Дар ин бора дар нишасти хабарии ин муассисаи таълимӣ иттилоъ доданд.

Зикр шуд, ки стандартҳои аккредитатсияи IQAA мутобиқи «Стандартҳо ва дастурамал оид ба кафолати сифат дар минтақаи аврупоии таҳсилоти олӣ (ESG)» таҳия шудаанд ва барои таъмини кафолати дохилии сифати муассисаҳои таълимӣ пешбинӣ шудаанд.

“Боиси хушнудист, ки санаи 13-уми июли соли 2024 ДДМИТ соҳиби «Шаҳодатномаи аккредитатсияи институтсионалии байналмилалӣ» гардид. Муҳлати амали ин шаҳодатнома 5 солро ташкил дода, то санаи 12-уми июли соли 2029 амал хоҳад кард”,- таъкид гардид дар нишасти хабарӣ.

Ба баёни масъулин, ДДМИТ дар миёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар аввалин муассисаест, ки аз ҷониби Агентии мустақил оид ба таъмини сифати таҳсилот (IQAA) шаҳодатномаи аккредитатсияи институтсионалии байналмилалӣ ба муҳлати 5 сол гирифтааст.

“Ба даст овардани чунин дастоварди бузург натиҷаи фаъолияти пурсамари тамоми воҳиду сохторҳои донишгоҳ мебошад. Чунин дастовард ва эътирофи кўшишу талошҳои роҳбарият ва ҳайати профессориву омўзгории донишгоҳ моро руҳбаланд гардонида, барои фатҳи қуллаҳои нав илҳом мебахшад”,- гуфт Абдуалимзода Ҳакимбек Абдуалим, ректори донишгоҳ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД