formula
Репсаро тарки саҳна карданист
746


Шаҳбоз Шарифов, рэпсарои машҳури тоҷик, ки дар байни мухлисон бо лақаби Шон МС машҳур аст, тарки репсароӣ намуда, нияти ба зиёрати хонаи худо рафтанро дорад.

Дар ин бора“SALOh HIJAMA” бо нашри як видео дар Ютуб хабар додааст.
Шаҳбоз тасмим гирифтааст, ки барои анҷом додани Ҳаҷҷи умра ба Маккаю Мадина сафар намояд ва дар Хонаи Худо пеши Офаридгор барои тамоми гуноҳҳое, ки аз ӯ гузаштааст, тавба кунад. Ба хотири анҷом додани ҳаҷ ин репсарои машҳур фаъолияти сарояндагиашро қатъ кардааст.

Масъулини SALOh HIJAMA ваъда додаанд, ки хароҷоти сафари ҳаҷҷи ин репсаройи машҳури тоҷикро бар дӯш мегиранд. “SALOh HIJAMA” пораеро аз сӯҳбати худ бо Шон МС нашр кардааст, ки дар он рэпсаро мегӯяд: “Ҳазрат, тамом, ҳамин ҳоло дар эфир бо мухлисон маслиҳат кардем. Консерт бекор карда шуд! Рэп бекор карда шуд! Чиптаи сафари маро тайёр кун, ҳазрат!”

Дар посух масъули канали “SALOh HIJAMA”аз Шон МС хоҳиш мекунад, ки шиносномаашро бифиристад ва мегӯяд ин корро ба хотири ризои Аллоҳ карда истодааст.
Ҳамин тавр боз як сарояндаи тоҷик ба хотири зиёрати ҳаҷ тарки саҳна намуда, ба қавле “рӯ ба худо” овард. Ёдрас мешавем, ки чанде пеш ҳаҷвнигори ҷавон Дӯстмурод Шарипов низ баъди зиёрати Хонаи худо тарки саҳна карда буд ва баъди зиёрати ҳаҷ дар як сӯҳбаташ гуфт, аз корҳое, ки пештар карда буд, шарм медорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД