sebiston july new
РЕТИНОБЛАСТОМА ДАҲШАТНОК АСТ
5098


Ретинобластома номи илмии варами шадидтарини бемории саратони чашм аст.
Тасаввур кунед, ки чашми шумо ба як порча гӯшти даҳшатнок табдил меёбад ва ин дарди вазнин шуморо сахт азият медиҳад.

Баъди дучор шудан ба ин беморӣ чеҳраи шумо ба намуди даҳшатнок табдил меёбад. Бояд гуфт, ки б он варам зиндагӣ кардан барои инсон, махсусан зан ё бону осон нест.

Софя Савиллага ҳамагӣ 16 сол дорад. Агар чашму симои ин духтараки филиппиниро саратони даҳшатнок пахш намекард, ӯро яке аз зебосанамҳои ҷаҳон номбурдан мумкин буд.

Ба хотири раҳоӣ ёфтан аз тамасхуру издиҳоми мардум вай мӯи сари дарози сунъӣ мепӯшад ва чашмашро бо банди мӯйҳояш маҳкам мекард, то чашми дардманду нозебояш аз мадди назари мардум дур бошад. Мӯина вазифаи чашмро иҷро менамояд.

Ҷарроҳӣ ва табобати бемории саратон барои оилаи Софя гарон аст, вале ин духтарак боварӣ ва умеди сиҳат ва шифо ёфтанашро аз даст додан намехоҳад. Ӯ дар як суҳбат гуфт, ки рӯзе бо кӯмаки фондҳои хайриявӣ ва инсонҳои хайрхоҳ аз чанги ин саратони одамхӯр ва даҳшатнок халос мешавад.


Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД