formula
Рифола хавфи гирифториро кам мекунад?
568

Вируси норасоии масъунияти одам (ВНМО) аз ҷумлаи бемориҳои вирусӣ маҳсуб меёбад, ки барангезандаи он шахси бо ин вирус зиндагикунанда, дар ҳолати баланд будани миқдори вирус дар хун, мебошанд.

То ҳол миёни мардум андешаҳое, вуҷуд доранд, ки вирус ба воситаи асбобу анҷоми истифодашаванда ё худ салому суҳбат кардан сироят мекунад, вале ин фикрҳо хатои маҳз аст. Барои баланд бардоштани маълумотнокӣ дар бораи вирус андешаи мутахассисонро пешниҳоди шумо мегардонем.

Ба ақидаи ҷомеа “ба вируси норасоии масъунияти одам (ВНМО) танҳо гурӯҳи муайяни аҳолӣ сироят меёбанд”, вале бино ба шарҳи мутахассис шахсоне, ки рафтори хатарнок доранд, хавфи сироятёбиашон ба ВНМО зиёдтар мегардад. Вале, набояд фаромӯш кард, ки ҳар шахс метавонад ба ин вирус дучор шавад, зеро ҳодисаҳои сироят ба вирус бо суръати баланд рафта истодааст.

"Шахсоне, ки ба кори ноҷое даст намезананд ва ҳатто дар бораи вирус чизе намедонанд, мубталои вирус гаштаанд. Ҳатто шунидаам, ки мегуфтанд: “Оҳ, агар медонистам, ки ин ҳодиса ба ман рух медиҳад...”, “ Ман фикр мекардам, ки ВНМО ба ман дахл надорад.” Дониста бошед, ки ВНМО ба ҷамъияти мо ворид шудааст, надоштани маълумот дар ин бора ба паҳнгаштани он мусоидат мекунад", - гуфт М. Бекназаров, мутахассиси Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО.

Ба андешаи дигари ҷомеа, “ВНМО бо роҳҳои маишӣ ва тавассуди ҳаво, ҳангоми истифодаи ҳоҷатхонаи умумӣ , вақти дар як ҳавз оббозӣ кардан ё дар ҳаммом будан сироят мекунад”, аммо бино ба шарҳи мутахассис, ин андешаҳо комилан асоси илмӣ надошта, баръакс бо одамони бо вирус зиндагикунанда муошират кардан бехавф мебошад.

"Дар ҳолати истифода аз як ҳаммом, душ, ҳоҷатхона ва ҳавзҳои оббозӣ ВНМО сироят намекунад. Ба таври оддӣ тамиз намудан, яъне безараргардонӣ бо маҳлули хлор ва ҷӯшонидани об вирусро нобуд месозад. Агар вирус нобуд нашуда бошад ҳам, хатари сироятёбӣ аз байн меравад", - гуфт А. Солиев, муовини директори Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО.

Олимон ва кормандони тиб исбот намуданд, ки ВНМО дар муҳити беруна обилияти зиндагӣ кардан надорад ва тавасути муносибатҳои маиши сироят кардан ғайриимкон аст ва дар ҷаҳон ягон ҳодиса бо чунин роҳ сироятшудагон ба қайд гирифта нашудааст. Агар шумо бо хун, оби манӣ, тарошуҳҳоти маҳбалӣ ё шири сина, ки аз ВНМО сироят ёфта бошад, алоқа надошта бошед, пас имкони сироятёбӣ бо ВНМО дар шумо вуҷуд надорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД