Arzon march 2024
РОҲЕ, КИ ФИРӮЗАРО ХУДОШИНОС КАРД
3307
РОҲЕ, КИ ФИРӮЗАРО ХУДОШИНОС КАРД


Фирӯза Шамсиева дар оилаи зиёӣ таваллуд ба дунё омада, модараш рӯзноманигор ва падараш таърихшинос буд.

Падараш орзу дошт, ки Фирӯза дар ягон донишдакаи бонуфуз таҳсил намуда, муттахасисси баландихтисос гардад, аммо ӯ ба санъати рассомӣ дил баста, ҳамчун рассом дар фабрикаи истеҳсоли атласи шаҳри Хуҷанд ба кор даромад.

Тавре ки худи Фирӯза зимни суҳбат бо мо гуфт:
“Ман дар оилае тарбия ёфтам, ки интихоби дину оин озод буд. Падарам ҳеҷ гоҳ ягон динро тарғиб намекарданд ва ҳамеша таъкид менамуданд, ки инсон бояд одам бошад, яъне рафтори намунавӣ дошта бошад. Амалҳояш аз ҳайвон фарқ кунад. “
Фирӯза Шамсиева мегӯяд, мутолиаи як маводи ҷолиб дар маҷалла ӯро худошинос кардааст.

“Аз он ки мо дар замони шӯравӣ тарбия ёфтаву ба воя расидем, аз дин ва диншиносӣ дур будем. Ман аввалин бор дар бораи равияи баҳоӣ аз маҷаллаи “Илм ва дин” мақолаеро мутолиа кардам ва баъд аз 10 сол холаам айнан чунин мақоларо тавсия дод, ки хонаму аз он бардошти мусбие дошта бошам”-ба хотир меорад қаҳрамони мо.

Интихоби равияи баҳоӣ Фирӯзаро аз дугонаву дӯстонаш ҷудо накард. Атрофиёнаш бо ӯ муносибати хуб доштанд ва бархӯрдашон бо Фирӯза мусбӣ буд.

Қаҳрамони мо соҳиби 2 фарзанд ва 3 набера буда, онҳоро дар руҳияи озод тарбия намудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД