tobiston
Роҳи Ҳисор ва Ориёнро то сарҳади Ӯзбекистон таъмир мекунанд
56

Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор наздик ба 50 километр роҳи ҷамоати деҳоти Ҳисор то ҷамоати деҳоти Ориён, дидбонгоҳи сарҳадии «Гулистон», ки бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон мепайвандад, таъмиру навсозӣ мегардад.

Бо ин мақсад 1-уми июл роҳбари зергурӯҳи кории ҷашни 35-солагии Истиқлол дар шаҳри Ҳисор дар ҷамоати деҳоти Ориён бо роҳсозон мулоқот карда, масъалаи бо сифати баланд иҷро намудани корро баррасӣ намуд.

Айни замон мошину техникаҳои роҳсозӣ ва кормандони Муассисаи нигоҳдории роҳҳои мошингарди шаҳр ба ин минтақа сафарбар гардида, ба кори таъмири роҳ шуруъ намудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД