Қитъаи роҳи мошингарди Исфара - Чоркӯҳ - Ворух, ки дар пайи муноқишаҳои марзӣ бо Қирғизистон чанд сол боз баста буд, дубора кушода шуд. Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст.
Роҳи мазкур баъди музокирот ба ҷониби Тоҷикистон гузашта, дар кушодашавии он раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси вилояти Ботканди Қирғизистон Айбек Шаменов ширкат намудаанд. Қаблан бинобар баста будани ин қитъаи роҳ сокинони деҳоти Ворух ва Чоркӯҳ тавассути деҳаи Чорбоғ ба самти шаҳри Исфара ҳаракат мекарданд. Бо боз шудани роҳ масофа тақрибан як километр кӯтоҳ шуда, рафтуомади сокинон осонтар гашт.
Тибқи Созишномаи байни Тоҷикистону Қирғизистон оид ба сарҳади давлатӣ, ки аввали соли равон ба имзо расида буд, 65 га замини Қарабоғи Қирғизистон ба Тоҷикистон дода шудааст, ки қитъаи роҳи баҳсӣ низ ба он дохил мешавад.