Дар макони номуайян партофтани партов боиси коста гаштани зебогии атроф мегардад. Бар замми таъкидҳои доимӣ, мутаассифона, ҳастанд нафароне, ки аз дохили воситаи нақлиёт ба берун партовҳои гуногун мепартоянд.
Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, аз ҷумла, шаҳрванд Нарзуллоев Муборакшоҳ - ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «КИА», рақамҳои қайди давлатиаш 0008AW07, ба ин амали ношоям даст задааст. Нисбати номбурда аз ҷониби кормандони Шуъбаи экологӣ ва сайёҳии милитсияи пойтахт бо моддаи 232 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ гардидааст.
Аз шаҳрвандон ва ронандагон даъват карда мешавад, ки нисбат ба тозагии атроф ҷиддӣ муносибат намуда, партовҳои худро дар маконҳои муайяншуда партоянд.