sebiston july new
Ронанда бо мошинаш дар роҳи Хуҷанд-Душанбе ҷар шуду…
5618

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ аз сар задани боз як садамаи хунин ва маргбор дар роҳи Хуҷанд-Душанбе хабар додааст.
Тавре ки манбаъ мегӯяд, ин ҳодисаи нохуш рӯзи гузашта, тахминан соатҳои 12.50 сар зада, ба қисми навбатдории Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд хабари сар задани садамаи нақлиётӣ дар километри 158-и роҳи мошингарди Душанбе- Хуҷанд, ки аз қаламрави ноҳияи Айнии вилояти Суғд убур мекунад, расидааст. Имдодгарони бахши КҲФ дар гурӯҳи ноҳияҳои Зарафшон дарҳол ба ҷойи ҳодиса сафарбар гаштанд. Маълум шуд, ки мошини сабукрави тамғаи «Toyota Corolla», ки таҳти идораи як ронандазани 32-сола қарор доштааст, эҳтимол бо сабаби аз ҳад баланд будани сураъти ҳаракати мошин ба ҷарӣ сарозер шудааст. Наҷотдиҳандагон бо ёрии таҷҳизоти кӯҳгардӣ ба қаъри ҷар фаромада бошанд ҳам, аз марг наҷот додани ронанда ва мософирони мошин ба онҳо муяссар нагашт. Ронандазан ва ҳамроҳонаш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида буданд ва наҷотдиҳандагон ҷасадҳоро бо мушкилоти зиёд аз ҷарӣ бароварданд.
Бар асари ин садамаи мудҳиш зани 32-сола, ки сокини маҳаллаи Лучоби ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ки сари чамбараки мошин менишаст ва ҳамроҳонаш-марди 34-солаву зани 31-солаи сокинони пойтахт ҷони худро аз даст доданд. Аз ҳамин хотир кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ аз тамоми ронандагон хоҳиш мекунад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳ, махсусан дар роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд ва ҳаёти худу дигаронро зери хатар нагузоранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД