sebiston july new
Роҳҳои аз кафидан эмин доштани дастон дар тирамоҳ
699


Бо фаро расидани фасли хазонрез пӯсти бадани инсон хушк мешавад, аз ин лиҳоз, дар ин айём дастони зан ба нигоҳубини махсус ниёз пайдо мекунанд. Субҳ молидани малҳами нармкунанда (увлажняющий) ва шом малҳами ғизобахш (питательный)-ро фаромӯш накунед.

Боз як шарти муҳими дастони зебо –маникюр аст. Гумон накунед, ки маникюр гуфта нохунҳои суп-сурхро дар назар дорем. Тамоман не, ҳарчанд дар баъзе ҳолатҳо он ҳам зебанда аст. Маникюр–ин нохунҳои суфтаи аз ифлосӣ тозашуда мебошад. Лак кардан ё накардан ба завқи ҳар як шахс вобаста аст.

                    Асрори дастони зебо
Нигоҳубини даст дар тирамоҳ аз дигар фаслҳои сол чӣ фарқ дорад? Гап сари он аст, ки тирамоҳ айёми хос аст. Дар ин фасл доираи фаъолияти ҳаётии рустаниҳо ба охир мерасад ва дар ҷисми инсон низ баъзе протсессҳо суст гашта, одам гирифтори руҳафтодагӣ мешавад. Натиҷааш албатта бо хушкшавии пӯст ва рехтани мӯю шикастани нохунҳо зуҳур меёбад. Барои хушкшавии пӯсту зудшикан шудани нохунҳоро бартараф намудан чӣ бояд кард?
1. Ҳамарӯза ба пӯсти даст малҳами нармкунандаву ғизобахш молед.
2. Кори хонаро беҳтараш бо дастпӯшак ба анҷом расонед (химияи маиширо истифода мебурда бошед, пӯшидани дастпӯшак ҳатмист).
3. Агар табиатан нохунҳои заифу зудшикан дошта бошед, ҳатман малҳам барои нохунҳоро истифода баред (крем для рук и ногтей).
4. Пӯсти дастонатон ниҳоят хушк бошанд, ҳамин ки хушкии дастро ҳис намудед, ҳатман малҳам молед. Бо ин мақсад малҳами зуд ҷабидашаванда харида, онро ҳамеша бо худ нигоҳ доред.
5. Ҳафтае як ё ду бор ниқобҳои нармкунанда ё ғизобахшро барои дастонатон омода созед. Ниқобҳои тайёрро низ аз мағозаҳо харидан мумкин аст.
6. Собуни аз гиёҳҳои табиӣ тайёр шударо истифода баред.
Фаромӯш накунед, ки танҳо дар сурати ҳамарӯза нигоҳубин кардани дастонатон шумо бо ангуштони зебоятон фахр карда метавонед.

                 Равған барои пӯсти даст
Барои нигоҳубини пӯсти даст ҳамагуна равғанеро истифода бурда метавонед, ки ба шумо писанд аст. Равған дастони шуморо ғизо бахшида, ба зудтар шифо ёфтани ҷароҳатҳои хурд ёрӣ мерасонад.

                       Пилинг барои даст
Бонувон чӣ будани пилингро хеле хуб медонанд. Мо скрабро танҳо барои тоза кардани пӯсти рӯй истифода бурда, андеша намекунем, ки пӯсти даст низ ниёз ба тозакунӣ дорад. Пӯсти даст мисли пӯсти рӯй нозук аст ва зуд хушк мешавад, аз ин лиҳоз, скраби нармкунандаро интихоб намоед. Скрабро ба даст молида, чанд дақиқа маҳин маҳс кунед, сипас бо оби ширгарм дастонатонро бишӯед.

            Дастони мард ниёз ба нигоҳубин доранд?
Гумон накунед, ки зебоӣ фақат ба зан тааллуқ дораду дасти мард ба дасти дев монанд бошад ҳам, боке нест. Дастони мард аз дастони зан зиёдтар ба нигоҳубин ниёз доранд. Шавҳаратон аз молидани малҳами бӯйнок саркашӣ намояд, ба ӯ малҳами серғизои бебӯйро пешниҳод намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД