arzon replenishment
РОҲҲОИ ТАБОБАТИ СТОМАТИТ
1754

 

6 намуди даҳондард (стоматит)

Аксарият стоматитро бемории сабук ҳисобида баҳри табобаташ кӯшиш намекунанд. Мутахассисон бо ин ақида розӣ нестанд. Стоматит яке аз бемориҳои маъмӯл ва маккор аст.

 

Даҳондарди шадиди герпетикӣ

Беш аз 80 фисади бемориҳои даҳондарди кӯдакон стоматити шадиди герпетикӣ аст. Вируси герпес бо роҳи ҳавоӣ-қатравӣ мегузарад, кӯдакон бошанд, қанду дигар хӯрданиҳоро аз даҳони якдигар гирифта мехӯранду бозичаҳои умумӣ доранд. Беморӣ хеле вазнин ва одатан бо ҳарорати баланд, дилбеҳузуркунӣ, қайкунӣ, дарунрав ҷараён мегирад. Дар дохили даҳон ярачаҳои обдор пайдо мешаванд. Ярачаҳо баъди 3-4 рӯз кам шуда, баъдан нест мешаванд, вале беморӣ то ду ҳафта давом карда метавонад.

 

Даҳондарди афтозӣ

Ин намуди стоматит бештар дар фасли баҳор ба калонсолон ёр шуда, табобаташ хеле тӯл мекашад. Стоматити афтозӣ дар сурати паст шудани масунияти бадан пайдо мешавад. Дар пардаи луобии даҳон доначаҳои тоқ ё ҷуфти рангаш сурх ё зарди дарозруя ва гирд зуҳур менамояд.

 

Даҳондарди аллергикӣ

Даҳондарди аллергикӣ яке аз намудҳои вазнини беморӣ маҳсуб меёбад. Сабабҳои пайдоиши беморӣ аллергия аз дорувориҳо (масалан, антибиотикаҳо), аз маводе, ки протезҳои дандон сохта мешаванд, аз хӯроки муайян (афлесун, қулфинай) гашта метавонад. Бемор аз сӯзишу ҳолати ногувори даҳон шикоят мекунад. Нафари гирифтори стоматити аллергикӣ ҳатто ҳангоми нафаскашӣ дард мекунад.

 

Даҳондарди катаралӣ

Стоматити катаралӣ зуд-зуд пайдо шуда, намуди сабуки беморӣ ба ҳисоб меравад. Бо сабаби риоя накардани тозагии даҳон, бемориҳои дандон, дандонҳои ифлос пайдо мешавад. Пардаи луобии даҳон хушку дарднок мегардад. Дар сурати дар давоми 5-10 рӯз нагузаштани беморӣ табобатро ба мутахассиси бемориҳои рӯдаву меъда ҳавола менамоянд.

 

Даҳондарди замбурӯғӣ

Аксаран аз ин намуди стоматит кӯдакони аз яксола боло ва пиронсолони заиф, ҳамчунин бонувон азият мекашанд. Ду сабаби пайдоиши беморӣ вуҷуд дорад-сироятёбӣ аз шахси бемор ва тавассути шамолхӯрӣ ё заифшавии ҷисм. Навзодон ҳангоми таваллуд аз модари гирифтори кандидози вулвовагинит сироят меёбанд. Ҳангоми пайдоиши стоматити замбурӯғӣ болои забон ва дохили даҳон сафед мешавад.

 

Даҳондарди никотинӣ

Аз номаш маълум аст, ки сабаби пайдоиши ин намуди стоматит сигоркашии чандсола аст. Аксаран даҳондарди никотинӣ бедард зуҳур намуда бо мурури вақт ба бемории онкологӣ-саратони даҳон мубаддал мегардад.

 

Донистан зарур аст

Тарзи табобат аз сабабҳои пайдоиши стоматит вобастагӣ дорад. Ҳангоми даҳондарди бактериявӣ табиб дорувориҳои антибиотикиро тавсия медиҳаду барои даҳондарди вирусӣ дорувории зиддивирусӣ, ҳангоми даҳондарди гиповитаминозӣ истеъмоли витаминҳоро. Тоза кардани пардаҳои луобии даҳонро бо антисептикҳо ва дорувориҳои таскинбахш табиб бояд нишон диҳад.

Барои дубора сироят наёфтан дорувориҳои зиддибактериявӣ ва барои зудтар шифо ёфтани пардаҳои луобӣ равғани ангат, настаран ва мази прополис тавсия дода мешавад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД