arzon replenishment
РУСИЯ 10 000 МУҲОҶИРИ ТОҶИКРО БО ҶОЙИ КОР ТАЪМИН МЕКУНАД?
1727
РУСИЯ 10 000 МУҲОҶИРИ ТОҶИКРО БО ҶОЙИ КОР ТАЪМИН МЕКУНАД?

Сомонаи OILA.TJ бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо дар дораи лоиҳаи “Ковид ва ҷамъият” як силсила подкаст-барномаҳоро аз боби мушкилоти зиндагии гурезаҳо ва муҳоҷирони меҳнатӣ, ки қишри осебпазири ҷомеа ба шумор мераванд, таҳия менамояд.

Барномаи навбатӣ бо иштироки намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон таҳия шуда, ба мавзӯи хеле муҳим-таъсири пандемия ба кору рӯзгори муҳоҷирони меҳнатии тоҷик бахшида шудааст. Меҳмонони барнома Парвиз Мақсадуллозода, муовини сардори раёсати муҳоҷирати аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва Рустамҷон Умаров, сармуттахассиси ҳамин раёсат зимни суханронии худ қайд намуданд, ки паҳншавии бемории вирусии КОВИД-19 ба ҳаёти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик таъсири зиёд расонида, раванди муҳоҷиратро хеле коҳиш дод, вале новобаста ба душвориҳои даврони пандемия қувваи корие, ки имрӯз Тоҷикистон дорад, дар бисёр кишварҳо талабгорони худро дорад. Аз ҷумла ширкатҳои гуногуни Русия ҳозиранд, ки то 10000 муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро дар сохтмон ва дигар иншоотҳо бо кор таъмин намоянд...

Маводи мазкур бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо таҳия шудааст. Масъулияти мӯҳтавои он ба зиммаи сомонаи "oila.tj" вогузор шуда, мавқеи Иттиҳоди Аврупоро инъикос намекунад.


Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД