arzon replenishment
Русия: “Нелегал-2023” оғоз шуд
627

Ихроҷи ҳазорон нафар шаҳрвандони хориҷӣ аз ҳудуди Федератсияи Россия дар рафти як амалиёти оперативӣ бо унвони “Нелегал- 2023” сару садоҳои зиёдеро дар ҷомеа ба миён овард.

Дар рафти амалиёти мазкур дар қатори дигар шаҳрвандони хориҷӣ муҳоҷирони меҳнатӣ, донишҷӯён ва дигар зодагони Тоҷикистон, ки дар қаламрави Россия кору зиндагӣ мекунанд, аз ҷониби намояндагони мақомоти қудратии ин кишвар мавриди таҳқир ва озор қарор гирифтанд.

Дар оғози ин “амалиёт” кормандони мақомоти қудратии Русия бештар донишҷӯён ва муҳоҷирони меҳнатиро ”шикор” мекарданд, вале торафт далетар шуда, ба ҷойҳои муқаддас низ сар мехалондагӣ шуданд. Аз ҷумла рӯзи 7-июл дар шаҳри Котелникии Русия дастаи таъиноти махсуси милитсия (ОМОН) дар вақти намози ҷумъа вориди масҷид гашта, намозгузоронро таҳқир кардаанд. Сабаби ин ҳама фишор дар чист?

Бо баҳонаи гузаронидани амалиёти “Нелегал-2023” донишҷӯён, муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар шаҳрвандони хориҷиро лату кӯб намудан ва таҳти фишор қарор додани кормандони мақомотҳои қудратии Русия дар байни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ оташи баҳсу мунозираро барангехт.

Махсусан ворид шудани дастаи “Омон” ба масҷид ва таҳқири намозгузорон ҳангоми намози ҷумъа дар шаҳри Котелники тамоми мусалмононро ба шӯр овард. Як гурӯҳ муслимин-намозгузотони шаҳри Котелники тавассути як навори видеоӣ ба Президенти Русия Владимир Путин муроҷиат намуда, хоҳиш карданд, ки пеши роҳи чунин қонуншиканиҳо гирифта шавад. Дар ин навор, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гаштааст, онҳо мегӯянд, дастаи “Омон” рӯзи 7-июл дар вақти намози ҷумъа вориди масҷид шуда, намозгузоронро таҳқир карданд, аммо...
Ҷониби Русия амалиёти “Нелегал-2023”-ро чун як иқдоми зарурӣ дар роҳи мубориза бо ҷинояту ҷинояткорӣ ва пешгирии қонуншиканиҳо аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ маънидод менамоянд. Аз ҷумла Ирина Волк, намояндаи расмии Вазорати корҳои дохилии Россия гуфтааст, ки дар рафти амалиёти “Нелегал-2023” ҳудуди 45 ҳазор ҳолати вайронкунии қонунҳои муҳоҷиратӣ ошкор карда шуда, нисбати 7000 нафар шаҳрвандони хориҷӣ барои содир намудани қонуншиканӣ қарори ихроҷ ё ронда шудан аз Россия қабул карда шудааст.

“Дар ин давра зиёда аз 2 ҳазор парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст, ки ба ташкили муҳоҷирати ғайри қонунӣ, интиқол ва хариду фурӯши маводи нашъаовар, ворид намудани яроқҳои оташфишон ба кишвар ва убури ғайри қонунии марзи Федератсияи Россия алоқаманданд. Дар рафти амалиёти мазкур 273 нафар ҷинояткорони хавфнок, ки дар ҷустуҷӯйи байналмиллалӣ қарор доштанд, боздошт шуданд”-таъкид кардааст Ирина Волк.

Ба қавли ин масъули Вазорати умури дохилии Русия дар рафти амалиёти “Нелагал-2023” ҳамчунин зиёда аз 12 ҳазор ҳолатҳои бо фаъолияти меҳнатии ғайриқонунӣ машғул гаштани муҳоҷирони меҳнатӣ ошкор карда шудааст. Дар ин бора Спутник хабар медиҳад.
Ҷониби Русия мегӯянд, ҳадаф аз гузаронидани чунин амалиётҳо ба тартиб даровардани ҷараёни муҳоҷирати меҳнатӣ, ошкор ва пешгирӣ кардани қонуншиканиҳо, мубориза бо ҷинояту ҷинояткорӣ, таъмини амнияту осоиштагии сокинони кишвар ва дигар бошандагони Россия мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД