sebiston july new
Русия ҷойи зани мусулмон нест
3750

Ассалом. Баъзан бо шеф ба тарабхона меравем. Як шаб чун ҳарвақта бо хости шеф ҳарду ба тарабхонаи марказии шаҳри Урал рафтем.

Қариб як ҳафта боз ба он тарабхона нарафта будем, вақте даромадем дар қатори пешхизматҳо духтари рӯймолпӯшеро дида, хайрон шудам. Ба наздам ҷеғаш задам. Маълум буд, ки забони русиро хуб намедонист, зеро бо азоб суҳбат мекард. Вақте миллаташро пурсон шудем, тоҷик будааст. Хостам, ки суҳбат кунам, аммо шефро бояд ба манзилаш мерасондам.

Занам занг зада, гилаомез гуфт, ки соат 11 шуду доим дер мекунам, зуд рафта ӯро ҳамроҳ ба он тарабхона овардамаш. Ҳамон пешхизматро ба наздам ҷеғ зада, хостам, ки суҳбат кунам, вале ӯ гуфт каме мунтазир шавам, то соати кориам тамом шавад.

Соат 12-и расо шуду соати кориаш тамом шуда, назди мо омад. Номаш Барно будаасту 29 сол дошта, аз ноҳияи Зафаробод будааст. Ӯ баъди хатми мактаб шавҳар кардааст. Шавҳараш муаллими мактаб буда, зиндаги хубе доштаанд. Аммо, аз сабаби дар як ҳавлӣ се келин будан, баъди таваллуди фарзанди нахустинаш зиндагиашон талх шудааст.

Баъди таваллуди фарзанди дуюмаш қариб ҳар рӯз дар ҳавлӣ ҷангу ҷанҷол мешавад. Ягона роҳ харидани хонаву аз ҳавлӣ баромадан буд, вале маоши муалим ба ҳама маълум буд. Бинобар ин, шавҳараш аз баҳри касбаш баромада, ба Русия сафар кардааст. То се моҳи омаданаш ба муҳоҷират ӯ ҳар моҳ пул равон мекардааст, вале баъд якбора бе ному нишон шудааст.

Зани бечора фарзанди сеюмашро дар хона таваллуд кардааст. Бародарони шавҳараш як танга ҳам кӯмак намекарданд. Хайрият, ки касбаш будаасту бо дӯхтани куртаи мардум ризқи се фарзандашро кам - кам меёфтааст. Худаш барои кофтани шавҳараш фарзандонашро ба модараш супорида, ба ин ҷо омадааст. Як ҳафта азоб кашида, ӯро кофта ёфтааст. Вале, шавҳари номардаш, ки ин ҷо зани сарватандеро гирифта, хушбахт буд, “ту чаро маро напурсида, ин ҷо омадӣ ва як ҳафта дар хонаи кӣ будӣ?” гуфта, ҷавоби занашро додааст.

Ӯ вақте ки нақл мекард оби дидааш мерехт. Сахт раҳмам омад ва хостам ҳамчун инсон кӯмакаш кунам. Бинобар ин, ӯро ба хона таклиф кардам. Аммо, ӯ то пеши мошин омаду “не, ман бо шумо намеравам” гуфт. Гуфтем, ки мошин аз они шеф аст ва нархаш хеле гарон. Шояд мақсади маро дигар хел фаҳмид, вале мо бо занам мақсадамонро фаҳмондему ӯ розӣ шуд.

Баъди ин аз бинои худамон як утоқи иҷора гирифтем барояш. Пешхизмат буданаш кори безеб аст, аз ин рӯ, дар як мағоза барояш кор ёфтем ҳамчун фурӯшанда. Маошаш хуб буда, ҳамин ҳафта фарзандонашро наздаш равон мекунанд.

Шавҳарашро ман ёфтам ва маълум шуд, ки ӯ духтари як тоҷири тоторро гирифта, соҳиби чор фарзанд шудаанд. Оид ба хусураш аз шеф пурсидам. Ӯ гуфт, ки тоҷир хеле марди бой аст, вале ғайри духтари ягонааш дигар фарзанд надорад. Дарк кардам, ки шавҳараш як номард аст.

Ба занҳое, ки мехоҳанд ба муҳоҷират сафар кунанд, ҳамчун бародар гуфтаниам, ки ин ҷо ҷойи зани мусулмон нест, зеро ба касе бовар карда намешавад дар ин замон.

Расулов Салмон,

тоҷики муқими Русия

Поделиться новостью
Шарҳ
(5)
Сумая 2023-06-22, 15:14
Салом хуб қайд кардед но кор набошад занҳо ба дар Тоҷикистон чо кунан бачаҳошона ки меояд
Посух
Миржана 2023-06-27, 03:33
Салмон Дар Точикистон аз гушнагира мурем ми?
Посух
Марифат 2023-06-27, 03:34
Оҳ Салмон
Посух
Лола 2023-07-12, 18:00
Душанбе
Посух
Муъчиза 2023-10-25, 15:24
Хечкас асосан занхо аз руи дилхуши ба мурочиат намеваванд, хама аз руи ночориву дармондаги маззаи талхи гарибиро мечашанд
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(5)
Сумая 2023-06-22, 15:14
Салом хуб қайд кардед но кор набошад занҳо ба дар Тоҷикистон чо кунан бачаҳошона ки меояд
Посух
Миржана 2023-06-27, 03:33
Салмон Дар Точикистон аз гушнагира мурем ми?
Посух
Марифат 2023-06-27, 03:34
Оҳ Салмон
Посух
Лола 2023-07-12, 18:00
Душанбе
Посух
Муъчиза 2023-10-25, 15:24
Хечкас асосан занхо аз руи дилхуши ба мурочиат намеваванд, хама аз руи ночориву дармондаги маззаи талхи гарибиро мечашанд
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД