Баъди рейдҳое, ки моҳи марти соли ҷорӣ ҷиҳати мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар қаламрави Русия анҷом дода шуданд, Русия тасмим гирифтааст, ки тақрибан 6000 шаҳрванди хориҷиро ихроҷ кунад.
Ин маълумотро Ирина Волк, сухангӯи расмии Вазорати корҳои дохилии Русия дар канали Telegram-и худ нашр кардааст.
Ғайр аз ин, дар натиҷаи тафтишот муфаттишони рус қариб 1000 парвандаи ҷиноятӣ нисбати муҳоҷирон боз карда, 138 нафари дар рӯйхати ҷустуҷӯшавандагон бударо муайян кардаанд. Ба 7700 шаҳрванди хориҷӣ вуруд ба Русия манъ карда шудааст.
Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии Русия, дар соли 2025-ум 72000 шаҳрванди хориҷӣ аз Русия ихроҷ шудаанд.